Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи дувум ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ маҳкум карданд


Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия Плюс".
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия Плюс".

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот ҳамла ба хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар ин замина таҳқиқи пурра анҷом диҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳарлем Дезир 29-уми май дар Твиттер навишт, аз ин ҳамла "нигарон аст". "Рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби мавзуъҳое, ки ҷомеа ба он алоқаманд аст, бояд эмин бошанд", - гуфт ӯ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори "Азия-Плюс" субҳи 29-уми май ҳангоми таҳияи гузориш аз маҳалли офатзадаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби афроди номаълум латту кӯб шудааст. Дар моҳи ҷорӣ бори дувум аст, ки одамони ношинос ӯро мезананд.

"Азия-Плюс", Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони Хома, Эътилофи бонувони журналист ва ҳафт рӯзноманигори тоҷик низ дар изҳороте гуфтанд, латту кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар замони буҳрони коронавирус ва дар остонаи интихоботи президентӣ ба обрӯ ва эътибори Тоҷикистон зарба мезанад. Мақомот ҳанӯз вокуниш накарданд.

Ғурбатӣ рӯзи ҷумъа дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлаварон 3 нафар буданд ва, ба иддаои ӯ, яке аз онҳо худро "раиси маҳалла" муаррифӣ кардааст.

"Онҳо бо мошин омаданд. Нафаре, ки худро "раиси маҳалла" муаррифӣ кард, муносибати дағал дошт ва мегуфт, дар инҷо иғво меандозед. Вақте гап мезадам, нохост нафари дигаре, ки ҳамроҳи "раиси маҳалла" буд, ба сару рӯям бо мушт зад. Ба замин афтидам. Дар замин низ маро зери зарбу лат гирифтанд", - нақл кард ӯ.

Ба қавли Абдуллоҳ Ғурбатӣ, танҳо яке аз ин афрод ӯро зада, зуд бо мошин маҳалли ҳодисаро тарк карданд. Хабарнигор мегӯяд, ҳар се ин афрод савори мошини "Опел-Караван" буданд.

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки хабарнигор дар онҷо латту кӯб шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳодиса хабар дорад ва барои фаҳмидани тафсилот ба идораи милиса рафт. "Дар онҷо ба ман гуфтанд, ки дертар хабар медиҳанд", - афзуд ӯ.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, гуфт, дар бораи ҳодиса бори аввал мешунавад, вале аз латту кӯб шудани хабарнигор нороҳат аст.

Хабарнигори "Азия-Плюс" дар бораи латту куб шуданаш хаттӣ ба маъмурони милиса шикоят кардааст. Ба бовари Ғурбатӣ, ҳамлаварон "бо маслиҳат" ва барои задан ба наздаш омада буданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май низ ҳангоми рафтан ба хона дар наздикии бозори “Корвон”-и Душанбе аз сӯи ду нафари ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Вай бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, пештар ҳам чанд фарди ношинос тариқи телефон Абдуллоҳ Ғурбатиро таҳдид кардаанд ва бояд ҳувияти онҳо ва иртиботашон бо ҳодисаи ахир маълум карда шавад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "то замоне ки он афрод ёфт нашудаанд, ҳаёти ман дар хатар аст ва имкони дубора ҳамла карданашон ҳаст. Аз ҳамин хотир чунин ариза додем".

Вакили дифои хабарнигор аз масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хост, ки Ғурбатиро зери ҳимояи давлатӣ қарор диҳанд, аммо маълум мешавад, ин дархост ҳанӯз пазируфта нашудааст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, дар робита ба ҳодисаи аввали латту кӯби хабарнигор парванда кушодаанд ва таҳқиқи он идома дорад.

"Азия-Плюс", Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони Хома, Эътилофи бонувони журналист ва ҳафт рӯзноманигори тоҷик рӯзи 29-уми май гуфтанд, "бепосух мондани зӯровариву хушунат нисбат ба рӯзноманигор аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид ба озодии баён талаққӣ шуда, боис ба латма задан ба обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад."

Онҳо мегӯянд, дар ҷомеаи демократӣ ба ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд вокуниши зуди мақомот сурат гирифта, ҳамлаварон пайдо ва дар ҷаҳорчӯби қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: "Мо низ умедворем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тафтиши ҳодиса гумонбарони ҳарду ҳолатро пайдо ва ҷазо медиҳанд."

Хабарнигорони тоҷик ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон дар идома аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "аз сӯйи баъзе корбарони маълуму номаълум" нисбат ба рӯзноманигорони алоҳида "маводу матлабҳо ва аксу видеоҳои таҳқиркунандаи шахсият" нашру паҳн мешавад.

"Аз ҷумла Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори Радиои Озодӣ мавриди чунин ҳамлаҳо қарор гирифтааст. Мо аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прократураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ даъват мекунем, пеши роҳи латту кӯб ва бадномсозиву таҳқири рӯзноманигорон гирифта шавад", - омадааст дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик, қароргоҳаш дар Варшава, рӯзи 29-уми май дар изҳороте ҳамлаҳои ҷисмонӣ, лафзӣ ва тавҳину таҳқир ба рӯзноманигорони тоҷик Исфандиёри Одина, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Шаҳлои Гулхоҷаро шадидан маҳкум кард. Созмон мегӯяд, "ҳеч шубҳае нест, ки сабаби аслии таҳоҷуми лафзӣ ба рӯзноманигорони варзида фаъолияти касбӣ ва мавзеъгириҳои иҷтимоии онҳо мебошад".

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) моҳи апрел дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод. Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG