Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Русия нота фиристод ва гуфт, қазияи марз бо Қирғизистон баҳси дохилист


Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия. Маскав, 9-уми апрели 2018
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия. Маскав, 9-уми апрели 2018

Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти эътирозӣ ё нота ба Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, масъалаи тақсиму аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сирф кори дохилии ду кишвар аст ва ба ҷалби ҷониби севум зарурате нест.

Нотаи Тоҷикистон 29-уми май дар вокуниш ба суханони Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия фиристода шуд. Лавров дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишвараш омодааст дар ҳалли баҳсҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон миёнравӣ кунад.

Дар тақрибан се ҳафтаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чанд муноқишаи мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

Сергей Лавров дар поёни нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СПАД гуфт: "Бори аввал нест, ки мутаассифона, чунин таниш сурат мегирад. Аз ҳампаймонони худ даъват мекунем, ки вориди гуфтугӯ шаванд ва то ҳадди аксар аз истифодаи силоҳ худдорӣ варзанд. Омодаем хидмати миёнаравии худро пешниҳод кунем. Ва бовар дорем, ки ҳар чи зудтар вазъ ором шавад, ҳамон андоза беҳтар аст. Мо дар ин бора ба дӯстонамон хабар додем."

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар изҳороти расмӣ гуфт, масъалаи марз мавзӯи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ набуд. Нишаст рӯзи 26-уми май баргузор шуд.

"Зикр карда шуд, ки масъалаи тақсиму аломатгузории марзҳои давлатӣ кори дохилии кишварҳои узви СПАД аст ва танҳо бо ширкати ду ҷониб баргузор мешавад", - омадааст дар изҳороти ВКХ.

Мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Русия гуфтаанд, "музокирот барои ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам ва дар доираи Кумисюни байниҳукуматӣ оид ба тақсиму аломатгузории марзи давлатӣ ҷараён дорад."

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳе ба хунрезӣ меанҷомад.

Рӯзи 24-уми май бо баҳонаи чарогоҳ дар марзи ду кишвар низоъ бархост ва марзбонон аз силоҳ истифода карданд. Дар он ҳодиса як сарбози 19-солаи тоҷик маҷруҳ шуд. Баъд аз се рӯзи он як шаҳрванди Қирғизистон ба сӯи сокини Исфараи Тоҷикистон тир кушод ва айни ҳол таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

Дар муноқишаи рӯзи 8-уми май, ба гуфтаи мақомот, ду шаҳрванди Тоҷикистон, се сарбоз ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳат бардошта буданд.

Ҳарду тараф пайваста якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG