Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ИА ба офатзадаҳои Бохтару Хуросон: аз асбоби маишӣ то як миқдор пул


Акс аз вебсайти https://eeas.europa.eu/
Акс аз вебсайти https://eeas.europa.eu/

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5 июн гуфт, ки ба сокинони осебдида аз обхезиҳои шадиди ахир дар ҷануби Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ тақдим кардааст. Кӯмакҳо дар ҳаҷми 80 ҳазор евро ба 1700 сокини осебдида дар ноҳияҳои Бохтар ва Хуросони вилояти Хатлон расонида мешавад. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки кӯмакҳо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба шакли “ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ” тақдим шуд. Инчунин ба оилаҳое, ки “хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад”.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, маблағгузорӣ қисман саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар рӯзҳои 14-16 май боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 2600 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки бештари онҳо пурра хароб шуданд.

XS
SM
MD
LG