Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нави гирифторон ва шифоёфтагон аз бемории ҳамагир дар Тоҷикистон. Инфографика


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи шашуми июн 83 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст. Аз замони эътирофи мавҷудияти вируси нав дар Тоҷикистон 4453 нафар ба он мубтало шудаанд.

Мақомот мегӯянд, дар ин муддат 2583 нафар шифо ёфта, 48 кас ҷон бохтаанд. Аммо дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи тақрибан 420 нафарро дарҷ кардаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ то 6-уми июн дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 1200 нафар зери назорати пизишкон қарор доранд. Бархе аз сокинон мегӯянд, ин ба маънои поёни беморӣ нест, чун бештаре аз маризон дар хона муолиҷа мегиранд.

XS
SM
MD
LG