Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба сайёҳони мубтало ба COVID-19 $3000 ҷубронпулӣ медиҳад


Сайёҳони хориҷӣ дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
Сайёҳони хориҷӣ дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Сайёҳони хориҷӣ дар сурати мубтало шудан ба коронавирус дар Узбекистон 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин чиз дар фармоне пешбинӣ шудааст, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёв 19 июн имзо кард.

Барои иҷрои банди мазкури фармон Бунёди ҷаҳонгардии амн таъсис шуда, аз тарафи Бунёди зиддибуҳронӣ ба ҳисоби он 20 млрд сӯм (ҳудуди 2 миллион доллар) гузаронида хоҳад шуд.

Раиси Палатаи миллии тандурустии Узбекистон Равшан Изомов дар суҳбат бо телевизиони "узбекистон 24" гуфт, сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бояд бовар дошта бошанд, ки дар амният қарор доранд.

Таҷрибаи пардохти ҷубронпулӣ ба сайёҳон дар кишварҳои ҷаҳон ба таври густарда истифода мешавад.

Шумори умумии гирифторони коронавирус дар Узбекистон ба 6025 расида, расман 19 ҳолати марг бар асари вирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG