Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон гуфт, табибон ҷубронпулиро дарёфт хоҳанд кард


Яке аз бемористонҳои шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон.
Яке аз бемористонҳои шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон.

Муовини сарвазири Қирғизистон Аида Исмаилова 23 июн дар нишасти хабарӣ гуфт, "ҳамаи ҷубронпулиҳо ба кормандони тиб дар вақти муайяншуда пардохт мешаванд".

Ба гуфтаи ӯ, давоми се моҳ ба табибоне, ки бевосита бо беморони коронавирус кор мекарданд, дар умум 259 млн сом пардохт шудааст. Моҳи март 638 табиб ва моҳи апрел 10 ҳазору 61 нафар пул дарёфт кардаанд. Дар моҳи май ба 8991 табиб иловапулӣ дода шудааст.

Муовини сарвазири Қирғизистон гуфт, иловапулӣ ба табибон бар асоси меъёре пардохт мешавад, ки Вазорати тандурустии ин кишвар муайян кардааст.

Ба ҷуз ин, ҳукумати Қирғизистон барои кормандони "ёрии таъҷилӣ" ҷубронпулӣ пешбинӣ кардааст. Ҳар яке аз ин кормандон барои хидмат расонидан ба як шахси мубталошуда 600 сом, корманди қаторӣ 500 сом ва ҳамшираи хурд 400 сом дарёфт хоҳанд кард.

Муовини сарвазири Қирғизистон дар охир гуфт, кормандони соҳаи тандурустии ин кишвар бояд маоши худро пурра дарёфт кунанд, зеро ин пулҳо аз буҷаи давлат ҷудо мешаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, фиристодани табибон ба рухсатии бемузд хилофи қонунҳои Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG