Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол дар Хоруғ боиси эътироз шуд


Манъи бозии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - боис ба эътирози як гуруҳ аз ҷавонони маҳаллӣ шудааст. Вале мақомот манъи бозиро дуруст шумурда, мегӯянд, ҳарчанд талаботи гӯшанишинӣ қисман бекор карда шуд, ҳанӯз барои баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ иҷозат нест.

Рӯзи 24-уми июн корбаре аз шаҳри Хоруғ ба унвонии Радиои Озодӣ як порча навор фиристод, ки дар он гуруҳи ҷавонон дар роҳи мошингард, рӯ ба рӯйи посгоҳи БДА ҳаёҳу бардоштаву шиори "Саф кашед, гум шавед" сар медиҳанд. Маълум нест, ҳодиса кай шудааст. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, муайян кунад, ки видеоро кай сабт кардаанд.

Дар видео қисме аз ҷавонон пиёда роҳпаймоӣ мекунанд, қисме дигар болои мошинҳои сабукрав баромада, кафкӯбон нидо медиҳанд. Дар навор чанде аз нозирони БДА ва ҳам низомипӯшон дида мешаванд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, сабаби норизоиятии ҷавонон роҳ наёфтани онҳо ба варзишгоҳ барои бозии футбол будааст. Вай мегӯяд, бо мошин ҳаракат дошт ва ба раҳпаймоии ҷавонон дучор шуд ва дар роҳ танбашавӣ ба вуҷуд омад.

Ӯ аз хавфи зери фишор қарор гирифтан, нахост номаш бурда шавад ва афзуд, ҷавонон баъди эълони хатми карантин хостаанд футболбозӣ кунанд ва монеъ шудани мақомот онҳоро норозӣ кардааст.

"Шаби душанбе мақомот тавассути телевизион эълон карданд, ки карантин тамом шуд. Ҳама ҷо мағозаву бозор ба кор даромад. Ҷавонон футболбозӣ омаданд, аммо онҳоро нагузоштанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ғолиб Ниятбеков, масъули бахши робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, реҷаи гӯшанишинӣ "марҳила ба марҳила бардошта мешавад. Ҳоло бозору мағозаҳои хӯрокворӣ иҷозат дода шудааст. Оҳиста-оҳиста ҳамааш кушода мешаванд. Назорати ҷиддӣ ҷиҳати пӯшидани ниқобу дастпӯшак рафта истодааст".

Ниятбеков афзуд, ҳоло чорабиниҳои оммавии варзишӣ, аз ҷумла футбол иҷозат дода нашудааст: "Баргузории ягон мусобиқа ва ё бозии футбол ҳам миёни дастаҳо дар назар набуд".

Таҳлилгарон мегӯянд, манъи вуруд ба варзишгоҳ як ҳодисаи хурд аст, аммо таниш миёни нерӯҳои интизомӣ бо ҷавонони маҳаллӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ як баҳонаи кӯчак низ боиси эътироз шудааст, он ҳам бо шиори таҳрикдиҳандаи "саф кашед, гум шавед". Ин хитоб, ба гуфтаи яке аз ширкаткунандагони эътироз, ба низомиёне рабт дорад, ки соли 2018 аз Душанбе ба вилоят эъзом шуда, дар он ҷо мустақар гардиданд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танише, ки аз соли 2012 сар шуда буд, ҳанӯз то охир ҳал нагаштааст ва дар шакли ошкору ниҳон вуҷуд дорад.

Соли 2012 ҳукумат бо талаби ба мақомот супурдани қотилони генерал Абдулло Назаров, раиси идораи амнияти ВМКБ дар Хоруғ амалиёти низомӣ гузарониданд, ки аз ду ҷониб зери 70 кушта ба ҷой гузошт.

"Инҷо мушкилиҳои иҷтимоӣ низ вуҷуд дорад. Гуруҳҳои маҳаллӣ аз ҳузури нерӯҳои изофии низомӣ, ки аз марказ равон карда шудаанд, норизоянд. Онҳо кормандони амният ва прокуратураро дар сохтакорӣ ҳангоми пеш бурдани тафтишот, ришвагирӣ ва фишорҳои беасос айбдор мекунанд. Ба фикри онҳо, ин нерӯҳо бояд ба таъмини амнияти сарҳад машғул бошанд. Ин гуруҳҳо хусусан ҷавонон ҳузури нерӯҳои қудратии изофӣ дар Хоруғро як манбаи танишу ташвиш меҳисобанд", - гуфт Муллоҷонов

Ин ақидаро эътирозҳои ахир дар ноҳияи Рӯшон низ тасдиқ мекунанд. Рамзия Мирзобекова, хабарнигору таҳлилгар ва сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, ин роҳпаймоӣ ҳарчанд зоҳиран ба варзиш рабт мегирад, дар асл метавонад акси садои ҳодисаҳои Рӯшон бошад, ки дар он ҷо мақомот мехостанд, Ёдгор Ғуломҳайрдаровро боздошт кунанд.

Ӯ гуфт: "Ғуломҳайдаровро мардум эҳтиром мекунанд ва ӯро як шахси поку адолатпарвар медонанд. Мақомот ӯро ҳамдасти Шароф Қобилов медонанд, ки дар фурӯши маводи мухаддир айбдор мешавад. Ҷавонон, мардон ва умуман бисёре аз қишрҳои ҷомеа ба ҳимояи ӯ шитофтанд ва талош карданд монеи боздошт ӯ шаванд."

Мирзобекова афзуд, ҷавонон дар симои мақомоти интизомӣ бештар беадолатӣ ва зургӯиро мебинанд, ба онҳо бовар надоранд, аз ин рӯ ҳар масъалаи хурдро низ баҳона мекунанд, то талаб намояд, ки низомиҳо аз шаҳр бароварда шаванд.

Роҳи коҳиши таниш дар ВМКБ, ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов, ба вуҷуд овардани эътимод ба ҳукумати марказӣ ва барқарор кардани муколама ва гуфтугӯи самимӣ бо сокинони маҳаллӣ аст. "Дар Бадахшон албатта масъалаи ҷинояткорӣ вуҷуд дорад. Аммо тартиботу низомро милитсия метавонад таъмин кунанд. Ниёзе барои овардани қушунҳои изофӣ ва дар ҳар тараф гузоштани дидбонгоҳҳо вуҷуд надорад. Дар ин шароит овардани нирӯи зиёд ба вилоят монанди хомӯш кардани оташ бо истифодаи бензин мебошад – чӣ қадар бисёртар пошидед, ҳамин қадар аланга баландтар мешавад", -- мегӯяд Муллоҷонов.

Ба ақидаи ин коршинос, барои ҳалли масъала мақомот бояд аз роҳи мусолиҳа кор гиранд, на намоиши нерӯ, ки чунин вокунишҳоро ба миён меорад. Вале мақомоти давлатӣ бар инанд, ки вазъ дар ин ҷо бояд таҳти назорати комил бошад. Баъд аз танқидҳои шадиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз беамалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, моҳи октябри соли 2018 дар ҳудуди вилоят Ситоди байидоравии таъмини амният ва тартибот таъсис ёфт, ки ҳамоҳангии нерӯзи интизомӣ ва амниятиро таъмин мекунад.

Роҳпаймоӣ дар Хоруғ ба гуфтаи сокинон чандон тӯл накашид ва сулҳомез ба поён расид. Мақомоти интизомӣ аз боздошт ё таҳқиқи ҳодиса хабар надоданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG