Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод барои паҳнсозии "хабарҳои саҳеҳ" паёмрасони туркманӣ таъсис медиҳад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар як ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 24 июн пешниҳод кард, ки барои расонидани хабарҳои саҳеҳ миёни аҳолӣ паёмакрасони туркманӣ таъсис дода шавад.

Вай ҳамчунин ба расонаҳои Туркманистон дастур дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоии маъруф саҳифа таъсис диҳанд ва "аз пешравиҳову муваффақиятҳои иқтисоди кишвар" ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар расонанд.

Туркманистон кишвари пӯшидае унвон мешавад, ки дар он чанд расонаи давлатӣ фаъолият мекунад. Туркманистон дар рейтинги озодии баён, ки ҳамасола аз сӯи созмони "Хабарнигорони бидуни марз" тартиб дода мешавад, мақоми дувум аз поёнро касб кард. Туркманистон ҳамзамон дар рӯйхати кишварҳои дорои сахттарин сензура дар мақоми севум ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG