Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати СҶТ ба Туркманистон сафар мекунад


Сафари ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба Туркманистон тасдиқ шуд. Дар ин бора аз СҶТ хабар доданд.

"СҶТ ва ҳукумати Туркманистон чанд ҳафтаи охир барои рафъи мушкили сафари ҳайат кор карданд. Мо умедворем, ки ибтидои моҳи июл вориди Туркманистон хоҳем шуд", - хабар доданд аз СҶТ рӯзи 25 июн.

Намояндагони СҶТ аз охири моҳи апрел ба ин тараф талоши сафар кардан ба Туркманистонро доранд. Ҳайати созмони мазкур мехоҳад, вазъи COVID-19-ро дар ин кишвар омӯзад.

Вазири корҳои хориҷии Туркманистон низ аз ин пештар, рӯзи 19 июн гуфт, ки сафари ҳайати СҶТ ба кишвар ибтидои моҳи июл дар назар аст.

Мақомоти Туркманистон хабар медиҳанд, дар ин кишвар ҳеч ҳолати мубталоӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Аммо расонаҳои мустақил аз хуруҷи вабое гузориш медиҳанд, ки аломатҳояш шабеҳи COVID-19 ҳастанд. Интизор меравад, ки ҳайати СҶТ ба баҳси будан ё набудани коронавирус дар Туркманистон нуқта гузорад.

XS
SM
MD
LG