Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ аз боздошти писари ӯ хабар доданд


Наздиконаш мегӯянд, Асрориддин Розиқови 38-сола рӯзи ҷумъа дастгир шудааст
Наздиконаш мегӯянд, Асрориддин Розиқови 38-сола рӯзи ҷумъа дастгир шудааст

Наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ, узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) рӯзи 29-уми июн ба онҳо гуфтааст, писари ин шахс Асрориддин Розиқов ба боздоштгоҳи ин ниҳод интиқол дода шудааст. Дафтари матбуоти КДАМ ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод ва тасдиқ ё радди хабар аз ҷониби он муяссар нагашт. Вале дар бораи боздошт шудани Асрориддин Розиқов чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад.

Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро ба боздоштгоҳи муваққатии рақами 1, воқеъ дар маркази пойтахт, интиқол додаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот рӯзи шанбе ба модараш ваъда дода буданд, ки 29-уми июн писари боздоштшудаашро ё раҳо мекунанд ё ба СИЗО мебаранд.

"Имрӯз бародари калониам ба назди Кумитаи амнияти миллӣ барои фаҳмидани сарнавишти Асрориддин рафт. Дар онҷо ба вай гуфтанд, ки интизор нашавад, ҳоло ҳеч чиз маълум нест. Модоме, ки озодаш накарданд, ба боздоштгоҳ бурдаанд", -- афзуд ӯ.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба иддаои ин хонавода, Асрориддин Розиқови 38-сола, ки дар бозори "Корвон" ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул будааст, рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозор аз тарафи кормандони КДАМ боздошт шудааст. То ин лаҳза Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз чунин боздоште хабар надодааст.

Як ҳамкори Асрориддин, ки худро Нуралӣ Баротов муаррифӣ кард, 29-уми июн ба Радиои Озоодӣ гуфт, "Асрориддин чанд рӯз аст, ки ба кор намеояд ва ба зангҳои мо ҷавоб намедиҳад. Вай бачаи фаъол буд, корро хуб пеш мебурд."

Аъзои хонаводаи Розиқовҳо мегӯянд, "ҳеч сабабе барои боздошт вуҷуд надорад, магар ин ки бо мақсади фишор ба Зубайдуллоҳи Розиқ, ки, ба гуфтаи онҳо, аз додани изҳороти телевизионӣ зидди раҳбарони ҳизб худдорӣ кардааст".

Зубайдулллоҳи Розиқи 76-сола дар соли 2016 ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Вай рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, нозирони зиндон аз ҳуҷрааш китоби “Қуръон” ва маводи дезинфексия аз коронавирусро пайдо намуда, ӯро барои 5 рӯз ба ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО бурдаанд.

Як манбаъ дар зиндони рақами яки Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ ду рӯз аст, дар ШИЗО қарор дорад ва саломатиаш хуб аст. Ӯ гуфт, ки сабаби муҷозоти Розиқро намедонад.

Ҳуқуқшинос Муаззама Қодирова, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, гуфт, боздошти бе далели шаҳрванд ба муддати зиёда аз 72 соат мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат шахси дастгиршуда ё бояд озод ва ё нисбат ба ӯ иттиҳоми расмӣ эълон гардад.

Вай мегӯяд, "шаҳрванд бояд аз лаҳзаи боздошт шудан бо вакили мудофеъ таъмин карда шавад ва шахси боздоштшуда набояд бе ҳузури вакили мудофеъ баёнот диҳад." Ба ақидаи Муаззама Қодирова, "агар хабари ба боздоштгоҳ интиқол дода шудани боздоштшуда дуруст бошад, пас, нисбат ба ӯ додгоҳ иҷозаи боздошт барои тафтишоти пешакии думоҳаро содир кардааст".

Ин ҳуқуқшинос меафзояд, “мақомоти судӣ бояд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиршавӣ ҷойи нигоҳ доштани шаҳрвандро ба хешовандони наздикаш хабар диҳанд ё ба худи дастгиршуда имконияти хабар доданро фароҳам оранд".

Наздикони Асрориддин Розиқов мегӯянд, хабар надоранд, ки ба вай вакили мудофеъ дода шудааст ё не ва занги телефоние ҳам аз ӯ нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG