Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Бархе кишварҳо дар аҳди COVID-19 озодии расонаҳоро нақз карданд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мишел Бачелет, раиси ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид чандин кишвар, аз ҷумла Чин ва Русияро ба истифода аз пандемияи коронавирус барои хомуш сохтани озодии баён муттаҳам кардааст. Мишел Бачелет рӯзи сешанбе гуфт, аз ин ки Амрико бархе воқеиятҳоро дар бораи коронавирус рад мекунад, нигарон аст. Ин интиқоди ӯ пас аз он садо дод, ки шумораи зиёде дар Амрико рӯзҳои ахир ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Ба гузориши маркази хабари Радиои Озодӣ, Мишел Бачелет дар бораи таъсири пандемия ба ҳуқуқи башар маълумот дод. Ӯ дар чиҳилумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, эҳтимол дорад, ки ақалиятҳои қавмӣ ва нажодӣ ва мардуми бумии бештар дар натиҷаи бемории КОВИД-19 бимиранд.

Ба гуфтаи Мишел Бачелет, ин гурӯҳи мардум бештар аз ҳама дар натиҷаи паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемия осеб дидаанд. Ӯ афзуд, "шаш моҳ пас аз шиносоии нахустин мавриди гирифторӣ, рӯшан аст, ки ин беморӣ сулҳ ва рушдро таҳдид мекунад".

Мишел Бачелет дар бахше аз суханонаш гуфт, дар кишварҳое чун Русия, Чин ва Косово, хабарнигорон, блогерҳо. фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳдид мешаванд, то зоҳиран аз расидагии мақомот ба мушкили бемории КОВИД-19 нанависанд ва онро баҳсу баррасӣ накунанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони Гузоришгарони бидуни марз рӯзи сешанбе эълом кард, ки ҳадди ақал 90 кишвар аз 193 узви Сомзони Милали Муттаҳид озодии расонаҳо дар пӯшиши буҳрони коронавирусро нақз кардаанд. Дар гузориши нави ин созмон гуфта мешавад, ки дар кишварҳои бузурге монанди Чин, Русия, Ҳинд ва Амрико "мавридҳои бисёре" аз нақзи озодии расонаҳо дар робита ба пушиши бӯҳрони коронавирус сабт шудааст.

Ба гуфтаи ин созмон, дар миёни 32 кишвари дунё вазъ аз ҳама бадтар дар Африқо будааст ва озодии расонаҳо дар Осиё низ дар ин замина сахт осеб дидааст.

Дар гузориши ин созмон 27 кишвари минтақаи Осиё-Уқёнусия ва Осиёи Миёна ва 14 кишвар аз Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Балкан низ ҷузъи кишварҳое зикр шудаанд, ки озодии расонаҳо дар онҳо нақз шудааст.

Раиси созмони Гузоришгарони бидуни марз ба нақзи озодии расонаҳо аз сӯи президентҳои бархе кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Амрико ва Бразилия ишора кардааст.

XS
SM
MD
LG