Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои аввали референдум. Эҳтимоли то 2036 дар қудрат мондани Путин


Натиҷаҳои ибтидоии ройпурсӣ дар Русия баёнгари он аст, ки ислоҳи Қонуни асосӣ роҳро барои дар қудрат мондани президент Владимир Путин то соли 2036 ҳамвор мекунад. Кумисюни марказии интихоботи Русия 1-уми июл гуфт, тахминан 73 дар сади иштирокдорони референдум бо тағйироти Қонуни асосӣ розӣ буда, камтар аз 26 дар сад мухолифи он овоз додаанд.

Бархе аз нозирони бетараф, журналистон ва аъзои нуқтаҳои ройдиҳӣ дар бораи чанд мавриди нақзи қоидаи овоздиҳӣ гузориш доданд.

Якуми июл охирин рӯзи овоздиҳӣ дар референдум аст. Мақомот гуфтанд, ба хотири роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум дар давраи пандемияи коронавирус раъйпурсиро дар ҳафт рӯз баргузор мекунанд. Натиҷаҳои ибтидоии эълоншуда ба пурсишҳои қаблии афкори умум мувофиқ аст.

Кремлин гуфт, тағйирот барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, Путини 67-сола тавассути ин тағйирот мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад.

Ба овоздиҳандагон танҳо пешниҳод шуд, ки ба тарафдорӣ ва ё мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Ҳукумат бисёр талош кард, ки дар ҷомеа ҷонибдорони ин тағйирот зиёд шаванд.

Аз миёни 200 тағйиру иловаҳо яке аз пурбаҳстаринаш он аст, ки собиқаи президентии Путин ба ҳеч баробар шуда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки баъд аз соли 2024 ду давраи дигари шашсола барои курсии президентӣ мубориза барад. Ин масъала дар Майдони Сурхи Маскав эътирози хурде барпо кард, вале полис дафъатан мардумро пароканда ва эътирозгаронро, ки дар баданашон “2036” навишта буданд, боздошт намуд.

Дар миёни эътирозгарон Люша Штейн ва Виктор Котов, аъзои гурӯҳи мусиқии эътирозии Pussy Riot, Александр Софеев, Ника Никулшина ва фаъолон Мария Безверхая, Гоша Кожевников, Лиза Самойлова ва Мария Тимофеева буданд. Онҳо баъдан бе эълони иттиҳом озод шуданд.

Худи Путин дар нуқтаи ройдиҳии Академияи илмҳои Русия овоз дод ва гуфт, ки эҳтимол ӯ дар интихоботи соли 2024 иштирок бикунад. Агар вай дар ду даври дигари интихобот иштирок кунад, 84-сола мешавад.

Мунтақидони Путин, ҳуқуқшиносон, мухолифони сиёсӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ тағйроти конститутсиониро бо ғасби қудрат монанд карданд.

Владимир Путин бори аввал моҳи январ дар як муроҷиати худ ба мардум дар бораи тағйироти конститутсионӣ суҳбат кард. Рӯзи 10-уми март калимаҳои марбут ба имкони ширкати дигарбораи ӯ дар интихобот ба матни тағйиру иловаҳо ворид шуд.

Путин аввал рӯзи 22-юми апрелро ҳамчун санаи баргузории ҳамапурсӣ таъин кард, вале бо сабаби пандемияи коронавирус маърака ба таъхир уфтод.

Ба иловаи тамдиди муҳлати президентии Путин, салоҳияти порлумон дар ташкили ҳукумат бештар шуда бархе салоҳиятҳо дар миёни сохторҳои дигари ҳукуматӣ тақсим мешавад.

Инчунин, дар қонун бартарӣ доштани қонунҳои маҳаллӣ бар қонунҳои байналмилалӣ, манъи издивоҷи ҷуфтҳои ҳамҷинс, ба ҳайси арзиши миллӣ эътироф шудани “эътиқод ба Худо”, забони русӣ – ҳамчун забони ташаккулдиҳандаи давлат зикр шудааст.

Овоздиҳӣ дар Русия дар шароити номуайяниҳои зиёди иқтисодӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус ва поинравии маҳбубияти Путин дар ҷомеа баргузор мешавад. Маркази назархоҳии «Левада» гуфт, ки баҳори имсол мизони маҳбубияти Путин то 59 дарсад фаромад.

Путин, собиқ афсари КГБ-и Шӯравӣ, аз соли 1999 дар мақоми президент ва нахуствазири Русия кор кардааст. Ҷонибдоронаш ӯро дар тақвияти кишвар ва иқтисодаш баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бӯҳрони солҳои 90 ситоиш мекунанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ӯ сохторҳои демократиро суст кард ва мухолифонашро дар канор партофт, интиқоду дигарандеширо маҳдуд ва фасодро ривоҷ дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG