Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстакадаи дуюм дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд


Эстакада ё роҳи сетабақаи назди беморхонаи маъруф ба Қарияи Боло баъд аз таъхири чандмоҳа ифтитоҳ шуд. Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод.

Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат мекунад.

Мақомот мегӯянд, ин роҳи сетабақа бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта шудааст. БАТР барои ин кор ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ қарз ва кумаки фаннӣ кардааст.

Роҳи сетабақаи назди беморхонаи Қарияи Боло аз рӯи нақша бояд дар ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешуд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар Чин ва кишварҳои минтақа, иҷрои тарҳи бозсозии онро ба таъхир андохт.

Ин дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе мебошад. Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода карор дода шуд. Вале ҳаракати нақлиёт тавассути ин эстакадаи сетабақа танҳо дар як самт имкон дорад. Дар зарфи се соли ахир, ки сохтмони ин ду эстакада идома дорад, даҳҳо ҳазор сокинони чанд маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG