Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар бархе шаҳрҳои Эрон ва "истифода аз гази ашковар" алайҳи эътирозгарон


Акс аз тазоҳуроти моҳи ноябр дар шаҳри Беҳбаҳон.
Акс аз тазоҳуроти моҳи ноябр дар шаҳри Беҳбаҳон.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои байналмилалӣ, шаби гузашта дар бархе аз шаҳрҳои Эрон тазоҳуроти зиддидавлатӣ сурат гирифтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои таҷаммуи мардум дар шаҳри Беҳбаҳон нашр шудааст ва хабаргузории "Рейтерз" ҳам ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки нерӯҳои амниятӣ дар ин шаҳр алайҳи эътирозгарон аз гази ашковар истифода кардаанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз тадобири шадиди амниятӣ дар чанд шаҳри дигари Эрон хабар додааст. Як шоҳиди айнӣ ба "Рейтер" гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ дар Беҳбаҳон бо эътирозгарон даргир шуданд. "Рейтерз" ҳамчунин аз навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин замина хабар додааст, вале мегӯяд ин хабаргузорӣ наметавонад дурустии онро таъйид кунад.

Бар асоси ин навори видеоӣ, садои эътирозгарон шунида мешаванд, ки шиорҳое монанди "На Ғаза, на Лубнон, ҷонам фидои Эрон" ва "Эронӣ мемирад, зиллат намепазирад", сар медиҳанд. Дар ин видео дида мешавад, ки кормандони пулис дар маҳали ҷамъшавии мардум ҳузур доранд ва вазъро назорат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи бархе гузоришҳои дигар, дастрасӣ ба интернет дар бархе вилоятҳои ин кишвар, аз ҷумла Хузистон масдуд карда шудааст. Як созмони ғайридавлатӣ гуфтааст, ки аз соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ дастрасӣ ба интернет ба шиддат маҳдуд шудааст.

Ҳукумати Эрон дар ҷараёни эътирозҳои соли гузашта низ дастрасии мардум ба интернеро қатъ карда буд.

Дар ҷараёни он эътирозҳо Беҳбаҳон яке аз аввалин шаҳрҳое буд, ки видеоҳои даргириҳои густурда дар он нашр шуд. Дар ин шаҳр дастикам 10 нафар аз эътирозгарон кушта шуданд, ки номи шуморе аз онҳо низ нашр шуда буд.

Се баробар қимат шудани бензин бар асоси тасмими Шӯрои олии иқтисодӣ дар моҳи ноябри соли 2019, боиси эътирозҳои густурда дар бисёре аз шаҳрҳои Эрон шуд.

Ин эътирозҳо бо саркӯби шадид рӯбарӯ шуд ва бино ба оморҳои гуногун, байни 300 то 1500 нафар дар ҷараёни ин эътирозҳо кушта ва ҳазорон тан низ боздошт шуданд.

Ҳанӯз хабаргузориҳо дар дохили Эрон гузорише аз эътирозҳои шаби панҷшанбе дар Беҳбаҳон нашр накардаанд.

XS
SM
MD
LG