Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори беморони COVID-19 дар Тоҷикистон 42 нафар бештар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавируси навро нашр кард. Бино ба он, шумори беморон то 26-уми июл ба 7192 нафар расидааст. Дар як шабонарӯзи ахир бемории 42 кас тасдиқ шудааст. Ба иттилои расмӣ, тақрибан 6 ҳазор кас ё 83 дар сади беморон сиҳҳат шуда, 59 нафар ҷон бохтаанд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар хабарномаи расмӣ рӯзи якшанбе гуфт, "дар шабонарӯзи ахир 101 гумонбар ба бемории ҳамагир зери назорати табибон қарор дошта, 64 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд." Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст ва дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муқобила бо вируси нав омодаанд.

XS
SM
MD
LG