Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус $1.1 млн. дод


Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои коронавируси нав 1.1 миллион доллар дод. Аз он 18 ҳазор нафаре, ки бевосита аз таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемияи коронавирус зарар дидаанд, баҳравар хоҳанд шуд. ​

Буҳрони коронавируси нав даромади муҳоҷирони тоҷик ё ба истилоҳи дигар "ноноварони хона"-ро дар Русия кам кард ва коҳиш ёфтани пулҳои интиқолӣ садҳо оиларо дар Тоҷикистон дастнигар намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни имсол гуфт, ки ба ятимону оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирон ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки якдафъаина хоҳад кард. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст ва бисёриҳо онро нокофӣ хонданд.

Валбурга Рос, мудири Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июл дар изҳороти расмӣ гуфт, "таъмини амнияти ғизоӣ дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст ҳаётан муҳиму таъхирнопазир аст. Агар фосилагирии иҷтимоӣ ва шустани дастону пӯшидани ниқоб аз мубталошавӣ пешгирӣ мекунад, истеъмоли хӯроки кофӣ ва солим иммунитетро баланд мебардорад."

Кумакҳои Швейтсария тавассути Барномаи Ҷаҳони Ғизо дар Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон дастрас хоҳанд шуд. Дар навбати аввал ба хонаводаҳое бартарӣ медиҳанд, ки занон масъулияти хӯрондану пӯшондани аъзои оиларо доранд.

То кунун чандин кишвару созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 кумак кардаанд. Аз ҷумла Амрико то 25-уми июни имсол ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллар додааст. Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз, ​Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, ​Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар ёрӣ кардаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон то 28-уми июл 7276 ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 60 кас фавтидаанд. Зиёда аз 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Омори ғайрирасмӣ бештар аз ин гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG