Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши ваксинаи зидди COVID-19. Ҷаҳон роҳи халосӣ меҷӯяд. ВИДЕО


Чанд ҳафта пеш пажӯҳишгарони Донишгоҳи Оксфорд дар Бритониё аз офаридани ваксинае ба зидди COVID-19 эълон доданд, ки ба гуфтаи онҳо амн аст ва баданро барои муқовимат ба ин ин беморӣ омода мекунад. Хабарнигори "Садои Амрико" бо яке аз ихтиёриёне суҳбат кард, ки иҷоза дод, ваксинаро дар бадани ӯ озмоиш кунанд.

Тамоми дунё саъй дорад, ки ваксинаи коромаде барои мубориза бо COVID биёфарад. Ҳоло кор сари 150 ваксина идома дорад. Аз ин миён фақат камтар аз 10-торо дар инсонҳо озмоиш кардаанд. Яке аз онҳоро Донишгоҳи Оксфорд офаридааст. Бранко Ритман аз Донишгоҳи Варвик, довталабона дар озмоиш ширкат мекунад.

Ӯ мегӯяд, "ман аз роҳҳои дигар дар мубориза бо беморӣ саҳм гузошта натавонистам, чун табиб, ё парастор нестам ва дар шифохона кор намекунам. Ваксина ягона роҳи мумкин аст, ки моро ба ҳаёти маъмулӣ баргардонад, то зиндагиамонро ба вирус мутобиқ кунем ва иқтисодамон осеб набинаду одамонро аз ҳам ҷудо накунад."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ритман ваксина аз коронавирусро дар баданаш озмоиш мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ба ихтиёриён 6 ҳафта пеш ваксина заданд ва доимо сиҳатиашонро назорат мекунанд.

"Ман баъд аз як моҳ озмоиши хун додам, озмоиши дигар се ҳафта баъд мешавад. Баъд шаш моҳ пас озмоиш мегиранд ва як сол баъд ҳам. Онҳо мебинанд, ки дар хуни ман подтан ҳаст ё не. Ба ғайр аз ин ҳар ҳафта аз моеоти димоғам озмоиш мегиранд", -- нақл кард Бранко Ритман.

Яке аз ҷанбаҳои аҷиби озмоиш барои Ритман ин аст, ки ба баъзеҳо на ваксина, балки ҳаби маъмулӣ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, "ҳаби маъмулӣ, ки ба 50 дар сади ихтиёриён доданд, ваксинаи маъмулии менингит аст, ки дар кӯдакӣ мегирем. Намедонам, ба ман ҳам ваксинаи менингит доданд, ё не, вале он ҳам ваксинаи воқеӣ аст. Ва намедонам, ки ба ман ҳамин ваксинаро доданд, ё ваксинаи COVID-19, вале аз ман хостанд, мисли касе рафтор кунам, ки ҳеч ваксина нагирифтааст."

То кунун Ритман ҳеч оризае дар худ эҳсос накардааст ва аз ширкат дар озмоиш мефахрад: "Шаш моҳ боз волидонамро надидам. Одамони зиёде ҳастанд, ки аъзои калонсоли хонаводаашонро надидаанд. Аз ин рӯ, бояд зудтар коре кард, ки роҳи ҳалро ёфт. Саҳм гирифтан дар мубориза вазифаи ҳама аст."

Коршиносон мегӯянд, мумкин аст, ваксинае то охири имсол ва ё аввали соли оянда дастраси омма шавад.

Дар бораи буҳрони коронавирус дар ҷаҳон бештар бихонед:

XS
SM
MD
LG