Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини порлумони Эрон дубора ба COVID-19 мубтало шуд


Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони Эрон.
Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони Эрон.

Расонаҳои Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл хабар доданд, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони ин кишвар дубора ба коронавирус мубтало шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Ин гузоришҳо ҳолати умумии Алӣ Лориҷониро "мусоид" гуфтаанд. Ба навиштаи расонаҳои Эрон, оқои Лориҷонӣ ҳоло зери муроқибати табибон қарор дорад. Алӣ Лориҷонӣ дар охирҳои моҳи март, ки он замон раиси порлумони Эрон буд, низ ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аст.

XS
SM
MD
LG