Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 ҳазор соҳибкори тоҷик фаъолияти худро қатъ кардаанд


Акс аз бозори "Корвон"-и Душанбе, моҳи июни 2020
Акс аз бозори "Корвон"-и Душанбе, моҳи июни 2020

Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон 27 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд ва аз ин ҳисоб, ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, ба буҷа 40 миллион сомонӣ ворид нашуд. Ин афрод бо патент фаъолият доштанд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ин вазъият ба пандемияи коронавирус рабт дорад". Ба қавли ӯ, пардохти андозҳо барои ним соли гузашта 5 миллиарду 259 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале ҳамагӣ 4 миллирду 387 миллион ҷамъоварӣ шуд.

"Кам шудани манбаъҳои молиётсупор аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва муваққатан кор накардани як қатор бозорҳо, марказҳои тиҷоратӣ, аз омилҳое мебошанд, ки боис ба иҷро нагардидани нақшаи андозҳо шудааст", -- шарҳ дод раиси Кумитаи андоз.

Коҳиши воридоти мол ба кишвар, ногувор шудани вазъи молии баъзе аз корхонаҳо, паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон низ ба иҷрои ҷамъ овардани молиёт таъсир гузоштааст.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, чунин омилҳо боис шудааст, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 570 миллион сомонӣ пули андозро кам ҷамъ биоранд.

XS
SM
MD
LG