Пайвандони Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистон, тасдиқ карданд, ки ӯ дар бемористон аст ва як муддат зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд, аммо ҳоло вазъияташ муътадил аст.
Ӯро бо гумони мубтало шудан ба коронавируси нав дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе хобонидаанд.
Дориюши Раҷабиён, хабарнигори маъруф ва яке аз пайвандони шоир, рӯзи 12-уми август дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "аз ҳамаи ёроне, ки ҷӯёи ҳоли устод Гулназар ҳастанд, сипосгузорам ва ба ҳамаи онҳо маротиби сипосгузории худи устодро ҳам мерасонам. Устод чандест дар бемористон бистарианд. Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст."
Гуланазар Келдӣ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли гирифторияш ба коронавирус хабар дода буд. Ӯ гуфт, пас аз он ки сулфааш зиёд шуд, дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон, 75-сола аст. Ӯ дар гузашта дар маҷаллаи "Садои Шарқ" ва нашрияҳои "Пайванд", "Адабиёт ва Санъат" ва "Ваҳдат" ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон буд.
Як суҳбати Гулназар Келдиро аз бойгонии Радиои Озодӣ дар ин ҷо бихонед: