Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико нерӯҳои Эронро ба боздошти як киштӣ дар Халиҷи Форс муттаҳам кард


Ситоди Фармондеҳии Марказии Артиши Амрико аз иқдоми нерӯҳои эронӣ барои боздошти як киштӣ бо номи "Вила", хабар дод. Хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт, ки Эрон ин киштиро дар ниҳоят озод кардааст.

СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 12-уми август дар "Твиттер"-и худ бо нашри видеое аз парвози як чархбол бар болои як киштӣ навишт, ки ин киштӣ дар "обҳои байналмилалӣ" манъ шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳоди низомӣ, нерӯҳои эронӣ дар ин амалиёт аз ду киштӣ ва ду чархбол истифода кардаанд.

Мақомҳои Эрон то ба ҳол ҳеч ишорае ба ин ҳодиса накардаанд. Дар расонаҳои дохилии Эрон низ гузорише дар бораи боздошти киштии амрикоӣ нашр нашудааст.

Дар ин миён тибқи маълумоти вебсайти "Marine Traffic", ки рафтуои киштиҳоро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, масири ҳаракати ин киштӣ ба самти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ будааст. Маълумоти сабтшуда дар ин вебсайт нишон медиҳад, ки киштии "Вила" як киштии нафткаш аст ва бо парчами Либерия гаштугузор мекунад.

Аммо чанд соат пас аз паёми твиттерии Фармондеҳии марказии артиши Амрико, хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ, ки нахостааст номаш зикр шавад, навишт, нерӯҳои эронӣ ин киштиро озод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин воқеа дар наздикии танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз рух додааст ва нерӯҳои амрикоӣ ҳеч дахолате дар он надоштаанд ва танҳо онро пайгирӣ кардаанд.

Таниш миёни Эрону Амрико аз соли гузашта ба ин тараф дар пайи чанд ҳодиса дар Халиҷи Форс ба шиддат боло гирифт. Тобистони гузашта низ Эрон дар пайи боздошти як киштии нафткаши худ аз сӯи Бритониё, як нафткаш бо парчами Бритониёро дар Халиҷи Форс барои чанд муддат боздошт кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG