Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шуд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги як нафари дигарро аз коронавируси нав тасдиқ кард. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 18-уми август дар умум 65 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд, вале омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Вазорат рӯзи сешанбе гуфт, дар як шабонарӯзи ахир 32 нафар бемор шудаанд ва омори умумии гирифторони коронавирус ба 8131 нафар расид.

Ба иттилои намояндагони давлат, 6935 нафар ё беш аз 85 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Пизишкон мегӯянд, ҳоло 73 гумонбар ба бемории ҳамагир зери назоратанд.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. Ҳоло дар кишвар доштани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шудааст ва таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо бо риояи фосилаи ҷисмонӣ ва доштани маҳлули беҳдоштиву ниқоб иҷозат аст.

Ҳарчанд дар як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бемор шудан ва фавти пайиҳами чанде аз сокинон дар баъзе аз минтақаҳо хабар медиҳанд, мақомот расман дар ин бора ҳарф намезананд.

Танҳо моҳи июл дар маҷлисҳои Ситоди муқобила бо коронавирус дар Суғд хабари афзоиши беморони коронавирус ва илтиҳоби шуш дар минтақа садо дод, вале ҷузъиёте дода нашуд.

XS
SM
MD
LG