Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти боз як кас аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон


Вазорати тандурустӣ гуфт, дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон як нафари дигар аз коронавируси нав фавтидааст. Бо ин шумори расмии ҷонбохтагон аз охири моҳи апрел то 27-уми август ба 68 нафар баробар шуд. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Ба иттилои расмӣ дар шабонарӯзи гузашта 36 мавриди сиряти бемории ҳамагир сабт шудааст. Шумори умумии беморон 8449 аст ва аз ин 7246 ё 85,7 дарсад шифо ёфтаанд. “Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 80 гумонбар қарор дошта, 32 бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, -- омадааст дар хабарномаи Вазорати тандурустӣ.

Хабарҳои дигари вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистонро дар ин ҷо хонед

XS
SM
MD
LG