Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Панҷшанбе" ба ихтиёри "Тоҷикматлубот" гузашт. Молики қаблӣ ҷуброн мехоҳад


Бозори Панҷшанбе
Бозори Панҷшанбе

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ низ аз ширкати "Фортуна" ба ихтиёри "Тоҷикматлубот" гузаштани бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷандро дуруст ва қонунӣ донист. Вале соҳиби қаблии бозор мегӯяд, ин поёни баҳс нест ва барои аз молики нав рӯёнидани арзиши бозор талош хоҳанд кард.

Раҳим Шарифзода, ҳуқуқшиноси ширкати "Фортуна" дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "арзиши мувозинатии бозори "Панҷшанбе" 83 миллион сомонӣ аст. Вале то ҳозир ба ширкати мо ҳудуди 3.5 миллион сомонӣ доданд. Мо барои рӯёнидани маблағи боқимонда ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят мебарем".

Аз Додгоҳи Олӣ баҳси байни моликони наву кӯҳнаи бозори "Панҷшанбе"-ро шарҳ надоданд ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтанд, ки ба пурсиши хаттӣ посух хоҳанд дод.

Қаблан Сулаймон Қосимзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд гуфта буд, ки шартномаи харидуфурӯши бозори "Панҷшанбе"-ро Додгоҳи олӣ бекор кард ва ба "Тоҷикматлубот" баргардонд. Баҳси иҷроиши ин қарор аз ҷониби суд-иҷрогарон низ дар Додгоҳи Олӣ ҷараён дорад.

Масъулони "Фортуна" мегӯянд. ин ширкат бозори "Панҷшанбе"-ро соли 1999 аз ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд ба наздики 80 миллион сомонӣ харид. Сипас барои таъмиру навсозии бозори он замон хароб чанд миллион сомонии дигар харҷ кардааст. Аммо нархгузорони давлатӣ қимати "Панҷшанбе"-ро ҳудуди 3.5 миллион сомонӣ муайян карданд ва Додгоҳи Олӣ иттифоқи "Тоҷикматлубот"-ро ба додани ин маблағ муваззаф кард.

Аслан додуситади бозорро ҳанӯз соли 2010 додгоҳи иқтисодии Суғд ғайриқонунӣ дониста, ба бозгардонидани бозор ба соҳиби пештарааш қарор карда буд. Аммо баҳсҳои зиёди додгоҳии тарафҳо иҷрои онро то аввали соли равон ба дарозо кашонд.

Иттифоқи "Тоҷикматлубот" баъди гирифтани бозори "Панҷшанбе" раис ва муовини онро нав кард.

Содиқбой Раҳматов, муовини раиси бозори "Панҷшанбе" гуфт, ҳафтаи гузашта суд-иҷрочиҳои Додгоҳи олии иқтисодӣ ба наздашон омаданд ва ба ихтиёри ҷамъияти "Тоҷикматлубот" гузаштани ин бозорро ниҳоӣ карданд.

Моликони ҳозираи "Панҷшанбе" ба дасти соҳиби аввалааш гузаштани бозорро "расидани ҳақ ба ҳақдор", вале маъмурияти пешинаи бозор ин корро "ғайриқонунӣ" ва "иҷборӣ" меноманд.

Маъмурон ва соҳибкорони бозори "Панҷшанбе" дар як нома аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, моликияти қонунии онҳоро, ки ба гуфтаашон "ноинсофона" ва "бе риояи қонунӣ" аз дасташон гирифтаанд, баргардонад.

Як маъмури бозори "Панҷшанбе", ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта "Тоҷикматлубот" "қодир набуд бозори марказии Хуҷандро таъмиру тармим кунад ва онро ба фурӯш гузошт ва тоҷирони бозорро ба ҳоли худ монд. Баъди он, ки бозорро соҳиби наваш пурра таъмиру таҷдид кард ва савдову тиҷораташ равнақ пайдо кард, боз ба худ бозгардонид".

Ширкати "Фортуна", ки муассисаш Абдураҳим Исмоилов, аз соҳибкорони маъруфи Хуҷанд аст, пас аз 10 соли харидани бозори "Панҷшанбе" нахустин корхонаи тавлиди лампаҳои каммасраф дар Тоҷикистон - "Сомон энержӣ"-ро таъсис дод. Қабл аз он дар соли 1997 Исмоилов ширкати тавлиди обҳои маъданӣ ва ташнагишикан, "АвруОсиё 2005"-ро дар Хуҷанд фаъол карда буд.

Иттифоқи "Тоҷикматлубот"-и Тоҷикистон як созмони ғайридавлатии ҷамъиятӣ аст, аммо таҳти контроли ҳукумат қарор дорад. Ин созмон умдатан дар доираи идора, назорат ва таъмини бозорҳо, ҷамъу захира, харидуфурӯш ва содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ фаъолият мебарад.

Солҳои охир бозорҳои бузург ва сердаромади Тоҷикистон мисли бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд соҳибони нав пайдо мекунанд. Дар вилояти Суғд чандин бозорҳои марказии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва бозори "Сомон", воқеъ дар канори шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров ба дасти ширкатҳо ва афроди сармоядори наздик ба ҳукумати марказӣ мегузарад. Масалан, бозори марказии "Фаровон" - и шаҳраки Ғафуровро ширкати "Сомон Суғд" соҳиб шуд. Ин ширкати бузург 20 корхонаи бузурги минтақа, аз ҷумла "Корхонаи орди Қайроққум" ва "Корхонаи спирти Исфара" -ро дар ихтиёр дорад.

Аз даст ба даст гузаштани баъзе бозорҳо ба кори фурӯшандагону тоҷиронаш таъсири бад нагузоштааст. Вале соҳибони нави баъзе бозорҳо зуд ба кори соҳибкорон халал расонида, боиси норизоии онҳо шудаанд. Масалан, соли 2016 моликони нави бозори "Фаровон"-и шаҳраки Ғафуров нархи иҷораи дӯконҳоро 80 дар сад боло бурданд ва ин боиси норизоии сахти тоҷирон гардид.

Фурӯшандаҳои бозори "Панҷшанбе" ҳанӯз аз кадом дигаргунии манфие дар кори худ пас аз нав шудани молики бозор суҳбат намекунанд. Абдуғанӣ Почоев, раҳбари соҳибкорони бозори "Панҷшанбе" ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷо наздики 1300 соҳибкор фаъолият мекунанд, нархи иҷора мисли пештара аст ва маъмурияти нави бозор ба кори онҳо монеае эҷод накардааст. Вале баъзе дӯкондорон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки одатан соҳибони нав нархи иҷораро боло мебаранд ва аз пеш омадани ин эҳтимол нигаронанд.

Бозори "Панҷшанбе" дар канори маҷмааи Масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ ҷойгир аст ва таърихи қадимӣ дорад. Бозори дуошёнаро ба шакли имрӯзааш соли 1964 бунёд карданд.

XS
SM
MD
LG