Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавируси нав гиребони Ҳиндро сахт гирифтааст


Дар Ҳинд рӯзона то 100 000 нафар бемор мешудаанд.
Дар Ҳинд рӯзона то 100 000 нафар бемор мешудаанд.

Бо вуҷуди суръат гирифтани сирояти коронавируси нав дар Ҳинд баъзе аз иёлатҳои кишвар иҷоза доданд, ки аз рӯзи 21-уми сентябр дари мактабҳо ба рӯи муҳассилин боз карда шавад.

Дар ин кишвари 1.3 миллиард нафарӣ, вирус рӯзона то 100 000 касро бемор мекунад. Дар саросари ҷаҳон мавридҳои собитшудаи COVID-19 ба 31 миллион нафар расидааст ва бими он вуҷуд дорад, ки вирус метавонад, дар Ҳинд дар як ҳафта ба 1 миллион кас сироят кунад. Дар Ҳинд то кунун 5.4 миллион нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд ва рӯзона аз он то ба 1000 нафар мефавтанд. Коронавируси нав то ҳол дар ин кишвар ҷони 87,000 касро гирифтааст.

Ҳарчанд дар Ҳинд рӯзона то 1 миллион нафарро озмоиш мекунанд, вале бовар меравад, теъдоди воқеии беморону талафот зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Таҳқиқоти хунобаҳо нишон додааст, дар Ҳинд 25 дар сади мардум подтанҳои зидди коронавирус доранд ва ин натиҷаро баёнгари он мешуморанд, ки мумкин аст, вирус ба бисёриҳо сироят карда бошад.

Ҳукумат ба мактабҳо иҷоза дод, ки дарсҳои наврасони аз 14 то 17- соларо оғоз кунанд, вале қарори ниҳоӣ дар ин заминаро бояд худи мактабҳо ва иёлатҳо қабул намоянд. Ҳинд моҳи март тамоми мактабҳоро барои роҳ надодан ба сирояти васеи коронавирус баст. Бисёре аз шаҳру иёлатҳо аз ҷумла Деҳливу Гуҷарат, Керала ва Уттар Прадеш гуфтаанд, ки набояд ба ин зудӣ дарсҳоро оғоз кунанд. Партҳа Чатерҷӣ, сардори Раёсати маориф дар иёлати Банголаи ғарбӣ гуфтааст: “Сироят босуръат зиёд мешавад. Ман намедонам, дар ин вазъ чӣ гуна муассисаҳои таълимиро боз мекунем.”

Дар дигар ҷойҳо таҳсили онлайнӣ дар мактабҳо идома дорад ва баъзе аз иёлатҳо мактабҳоро боз накардаанд ва ё қисман боз кардаанд. Айни замон волидон бояд ба фарзандонашон иҷоза бидиҳанд, ки ба мактаб бираванд ва гуфтаанд, ки метарсанд, бачаҳояшонро ба дарс бифристанд. Ҳукумати Ҳинд моҳи март дар саросари кишвари фаъолиятҳои иқтисодиро маҳдуд кард, муассисаҳои зиёдеро баст. Баъди ин аҳволи даҳҳо миллион нафар, бахусус коргарони фақир дар шаҳрҳо бад шуд, чун аз бекорӣ маҷбур шуданд, ба хонаҳояшон ба деҳот баргарданд.

Мутахассисон мегӯянд, шояд ҳамин коргарон бемориро дар саросари кишвар паҳн карда бошанд. Дар деҳоти Ҳинд, ки вирус доман паҳн мекунад, бисёре аз мардум қоидаву дастурҳои ҳукумат барои роҳ надодан ба сироятро ба инобат намегирифтаанд. Бо вуҷуди ин Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд чандон майли эълони дигарбораи маҳдудиятҳоро надорад. Ҳукумати ӯ дар моҳҳои гузашта, баъзе аз маҳдудиятҳоро бардошт, ба ҳаракати қаторҳо, парвозҳои дохилӣ иҷоза дод ва бозору ресторанҳоро боз кард. Дар як ҳаракати рамзӣ ҳам рӯзи 21 уми сентябр Тоҷ Маҳал, яке аз зеботарин кохҳои дунёро баъд аз 6 моҳ ба рӯи сайёҳон боз карданд.

Дар Тоҷикистон чӣ хабар?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 42 мавриди нави бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва ҳамингуна теъдоди беморон ба 9388 нафар расидааст. Вазорат рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, айни замон 113 нафар бо аломатҳои беморӣ зери назорати табибон қарор доранд ва 44 нафарро ҳам баъди муолиҷа ба хона ҷавоб додаанд. Дар умум ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон тақрибан 87 дар сади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд ва аз баҳори имсол то кунун беморӣ 73 нафарро куштааст. Аммо на ҳама ба омори вазорат бовар доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот зиёдтар аз омори расмӣ аст.

Зеландияи нав нафаси сабук мекашад. Амрико чӣ?

Дар дигар ҷои дунё, дар Зеландияи Нав тамоми маҳдудиятҳои равуоро рӯзи 21 уми сентябр бардоштанд, ба истиснои шаҳри Аукланд, ки онҷо коронавирус хуруҷ кард. Қарор аст, маҳдудиятҳо дар ин шаҳр камаш 16 рӯзи дигар идома ёбад. Зеландияи Нав, ки 5 миллион нафар аҳолӣ дорад, баъди маҳви комили вирус моҳи август маҷбур шуд, ба сабаби хуруҷи беморӣ дар Аукланд маҳдудиятҳоро баргардонад. Дар Испониё, Фаронса ва Бритониё, ки сирояти вирус зиёд шудааст, аксарият нигаронанд, ки тирамоҳ беморӣ боз ҳам зиёдтар мешавад. Ҳукуматҳо маҷбур шуданд, баъзе аз маҳдудиятҳои қаблан эълонкардаро дубора баргардонанд ва қоидаҳои беҳдоштии иловагӣ ҷорӣ карданд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз коронавируси нав бештар аз ҳар кишвари дигари ҷаҳон осеб дидааст, барои монеъ шудан ба густариши вирус рӯзона аз 1 милллион нафар бештар ҳам озмоиш мегиранд. Айни замон мутахассисон мегӯянд, барои зери назорат даровардани беморӣ Амрико бояд рӯзона аз 6 то 10 миллион озмоиш бигирад. Дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан 6.8 миллион нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва аз ин миён 200 ҳазор нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG