Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният аз Арманистону Озарбойҷон хост, фавран ба даргирӣ хотима диҳанд


Нишонае аз ҷанги нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон
Нишонае аз ҷанги нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки фавран ба ҷанг бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд. Ин даъват пас аз се рӯзи даргириҳо дар марзи ду кишвар садо дод. Дар изҳороте аз 29-уми сентябр кишварҳои узви Шӯрои амният аз даъвати дабири кул Антонио Гуттереш пуштибонӣ кардаанд, ки аз ҷонибҳо хостааст, шиддати ташаннуҷро поин биоранд ва ба музокирот пардозанд. Шӯрои амният аз гузоришҳо дар бораи иқдомоти густардаи низомӣ дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ибрози нигаронӣ карда, истифода аз зӯрро ба шиддат маҳкум намудааст. Низои ахир байни Арманистону Озарбойҷон шадидтарин низоъ аз соли 2016 ба ин тараф номида мешавад. Ҳарду тараф гуфтаанд, дар даргириҳои рӯзҳои гузашта чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG