Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз масъалаи Белорус то баҳси Туркия. Нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо


Нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1-уми октябр дар Брюссел ҷамъ мешаванд.

Нишасти онҳо дар пасманзари ихтилофҳои дохилӣ сурат мегирад, ки ба қабул шудани бастаи барномаи барқарорсозӣ пас аз короновирус таҳдид мекунад ва қобилияти вокуниши Иттиҳодро ба буҳрони Белорус ва Туркия маҳдуд месозад.

Шаби аввали ҳамоиши дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо ба таниш миёни Туркия ва Қибрису Юнон – ду кишвари узви Иттиҳод бахшида шудааст, ки бар сари марзҳои баҳрӣ ва сарватҳои зеризаминӣ дар баҳри Миёназамин баҳс доранд.

Муносибат бо Анкара дар моҳи июли имсол ба сардӣ гароид. Замоне ки Туркия як киштии тадқиқотии худро ҳамроҳ бо новаҳои низомӣ ба ҳудудҳои баҳсноки баҳрӣ фиристод, Юнон ба ин амалкард бо баргузории як машқи низомӣ бо ҳимояи Фаронса посух дод. Пас аз ин ҳодиса Юнон ва Туркия мувофиқат карданд, ки музокироти дучори бунбастшударо аз нав оғоз кунанд.

Шарл Мишел, раиси Иттиҳоди Аврпуо қабл аз даъвати ин ҳамоиш гуфт, агар Анкара ба таври созанда дар музокирот ширкат накунад, “ҳама гуна гузинаҳои вокуниш рӯи миз хоҳанд буд”.

Яке аз шаклҳои вокуниш ҷорӣ намудани таҳримҳои сахти иқтисодӣ ба зидди Туркия метавонад бошад, аммо мақомдорони Иттиҳоди Аврупо бар сари ҳалли дипломатии ин масъала таъкид доранд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо бо Қибрис, ки тарҳи таҳримҳоро алайҳи Беларус манъ кард, мухолифанд. Қибрис пойфишорӣ дорад, ки Иттиҳоди Аврупо алайҳи Туркия барои фаъолиятҳои баҳсбарангези нафту газаш таҳрим ҷорӣ кунад.

Масъулони ИА рӯйхати сиёҳи иборат аз 40 мансабдори Белорусро тартиб доданд, ки масъули саркӯби эътирозҳои мардумӣ пас аз интихобот дониста мешаванд. Интихоботе, ки ба пиндори кишварҳои ғарбӣ ва мухолифин ба тақаллуб ҳамроҳ буд.

XS
SM
MD
LG