Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, онҳое, ки "Қримро беҷанг доданд", ҷавоб хоҳанд дод


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, онҳое, ки иҷоза доданд Русия Қримро дар соли 2014 ғайриқонунӣ ғасб бикунад, бояд барои ин ҷавоб диҳанд. Дар паёми солонааш ба парлумон рӯзи 20-уми октябр Зеленский аз касе мушаххасан ном набурд, вале зоҳиран ба он мақомдороне муроҷиат мекард, ки баъди эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2014, ки бо сарнагунии ҳукумати президент Виктор Янукович анҷомид, сари кор омаданд. Ӯ гуфт, “онҳое, ки Қримро бе як набард аз даст доданд, бояд масъул бошанд” ва афзуд, ки ҳукумати ӯ тамоми талошашро ба харҷ додааст, то Қрим таҳти назари Украина баргардад. Ӯ гуфт, “мо як артиши украиниро бунёд медиҳем, ки тавони ҳимояти Украина аз замин, аз баҳр, аз осмон, аз кайҳон ва аз ҳамлаҳои интернетӣ дошта бошад, то ки касе фикр накунад, ки метавонад ба истиқлолият ва тамомияти арзии мо даст дароз кунад ва қисми Украинаро бе як тири силоҳ кашида гирад”. Маскав Қримро соли 2014 ғасб кард ва аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина дар минтақаи Донбас пуштибонӣ намуд. Дар ҷангҳое, ки шаш сол идома доранд, 13,200 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG