Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон: "Ниёзе ба хуруҷи саросемавор аз Афғонистон нест"


Як чархболи нерӯҳои НАТО бар фарози Кобул.
Як чархболи нерӯҳои НАТО бар фарози Кобул.

Ива Ҳогл, як мақоми баландпоя дар артиши Олмон дар бораи тарҳи ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико дар хусуси хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳушдор додааст. Дар даҳ рӯзи ахир ин дувумин мақоми баландпояи олмонӣ аст, ки бо ин тарҳ мухолифат мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ива Ҳогл гуфтааст, ниёзе ба хуруҷи саросемавори нерӯҳо аз Афғонистон нест. Вай афзудааст, муҳим аст то ҳаргуна хуруҷ, бо НАТО ҳамоҳанг шавад. Ин мақоми низомии Олмон ҳамчунон гуфтааст, ки авлавияти асосӣ бояд ин бошад, ки якҷо ба Афғонистон рафтаанд ва бо ҳам якҷо берун шаванд.

Бар асоси гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1250 сарбози олмонӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Ин нерӯҳо дар чаҳорчӯбаи маъмурияти НАТО ба нерӯҳои афғон омӯзиш медиҳанд. Дар солҳои гузашта нерӯҳои олмонӣ асосан дар шимоли Афғонистон мустақар буданд.

Хонум Ҳогл гуфтааст, ки то кунун 59 сарбози олмонӣ дар Афғонистон ҷон бохтаанд.

Ҳафтаи гузашта Ҳайко Маас, вазири умури хориҷии Олмон дар нишасти хабарӣ дар Берлин гуфта буд, тасмими шитобзада дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, монеаҳо дар баробари раванди сулҳ дар ин кишварро афзоиш хоҳад дод.

Кристофер Миллер, сарпарасти вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, ки шумораи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон то нимаи моҳи январи соли 2021 аз 4500 тан ба 2500 тан коҳиш хоҳад ёфт.

Бо ин ҳол, Шохис ё Индекси ҷаҳонии терроризм нишон медиҳад, ки Афғонистон дар сатҳи ҷаҳон бештар аз ҳар кишвари дигар аз терроризм осеб дидааст. Бар асоси ин Шохис, ки аз сӯи Институти иқтисод ва сулҳ нашр шуд, Афғонистон дар раддабандии кишварҳои қурбонии терроризм, дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, вазъияти амниятии ин кишварро бадтар хоҳад кард.

Бар асоси созиш миёни Амрико ва гурӯҳи Толибон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Қатар ба имзо расид, ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ то нимаи моҳи майи соли 2021 аз Афғонистон берун хоҳанд шуд.

Бино бар ин созиш, музокироти байни афғонҳо дар 12 сентябр оғоз шуд. Аммо тарафҳои музокиракунанда то ҳануз ба ҳеҷ натиҷа нарасидаанд.

Бо вуҷуди оғози музокирот, шиддати ҷанг дар Афғонистон коҳиш наёфтааст.

Нерӯҳои байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико дар авохири соли 2001 ба Афғонистон ҳамла карда, ҳукумати Толибонро сарнагун карданд. Давоми 19 соли гузашта даҳҳо ҳазор нафар низомӣ ва ғайринизомии афғон дар ҷангҳо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG