Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши додситон ба матлаби Озодӣ. Сарбозеро, ки дар шифохонаи рӯҳӣ буд, "қобили хидмат" донистаанд. ВИДЕО


Сарбоз бемор буд, ё дар артиш бемор шуд?

Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи сарбоз Баҳовуддин Юсупов вокуниш кард. Пайвандони сарбоз иддао доштанд, ки ӯ пас аз ним моҳи даъват ба артиш дар қисми низомӣ шадидан латукӯб шуда, "аз гап задан мондааст" ва дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист.

Додситон Шӯҳрат Маҳмадёрзода рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ навишт, иддаои латукӯби сарбоз ва эҳтимоли ба гулӯяш рехтани оби сӯзон тасдиқ нашуд. "Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ аз 7-уми декабр дар бадани сарбози қаторӣ ягон ҷароҳат, аз ҷумла осори сӯзондан дар мавзеи луобпардаи даҳон мавҷуд нест", -- афзудааст ӯ.

Ба навиштаи Маҳмадёрзода, барои муайян кардани он ки Баҳовуддин Юсупов имкони идомаи хидмат дар артишро дорад ё не, ба Кумисюни тиббиву ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат карданд ва "охирин ба хидмати ҳарбӣ қобил дониста шуд".

Қаблан пайвандони сарбоз гуфта буданд, ки вазъи саломати Баҳовуддин пеш аз ҷалб шудан ба артиш ҳам чандон хуб набуд. Ба гуфтаи онҳо, ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи бемор буданаш ба масъулон пешниҳод шуд, вале пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст.

Баҳовуддин Юсуфов моҳи ноябри имсол ба артиш ҷалб шуда, дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав хидмат мекард. Додситони ҳарбии Душанбе мегӯяд, "Баҳовуддин Юсуфов ҳамагӣ ҳашт рӯз хидмат карда, бинобар шикоят намудан аз дарди сар аз 28-уми ноябр дар беморхонаи ҳарбӣ ва аз 29-уми ноябр дар шифохонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ карда шуд."

Абдуманнон Юсуфов, бародари Баҳовуддин Юсуфов, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "ба мо мефаҳмонад, ки "маро заданд. Дар сарам бисёр заданд ва тарсонданд, ки ба касе нагӯй". Гап зада наметавонад. Сараш осеб дошт, аммо то ба ин ҳол набуд."

Ин дар ҳолест, ки Абдулҳафиз Юсупов, падари Баҳовуддин, рӯзи 17-уми декабр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, аз даъвои пешинаи худ дар мавриди латукӯб шудани писараш гузаштааст. Вай гуфт, Баҳовуддин ҳанӯз аз бемористон ҷавоб нашудааст ва бештар аз ин гап задан нахост.

Навор аз 2-юми декабр:

Чаро ҷавоне, ки бемор буд ва доғи судӣ дошт, ба артиш даъват шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Илова ба ин, Додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар номаи расмиаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Баҳовуддин Юсупов моҳи августи соли 2018 бо гуноҳи "авбошӣ" ба пардохти ҷарима маҷбур шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи онҳо, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст.

"Ин як навъ шиносоии бераҳмона аст. Анъанаест, ки аз зиндон ба артиш гузаштааст ва онро "пазироӣ" меноманд", -- гуфта буд Дилрабо Самадова аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 1-уми декабр.

Самадова гуфт, "дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддӣ ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозон дорем. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сарбоз бояд ба далели осеби ҷиддӣ гирифтан дар қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта нашавад. Фикр мекунам, қазияву парвандаҳои зиёди дигар дар чаҳордевори қисмҳои ҳарбӣ нигаҳ дошта мешаванд."

Исботи далели "дедовшина" ё бадрафторӣ нисбат ба сарбозон ниҳоят мушкил аст. Ба қавли Дилрабо Самадова, ҳатто дар ҳолати марги сарбоз дар мавридҳои хеле кам шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Чунин парвандаҳо метавонанд солҳо идома кунанд.

XS
SM
MD
LG