Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари 15-сола падарандарро ба таҷовуз муттаҳам кард. Модараш бовар надорад. ВИДЕО


Як духтари қирғиз, ки иддао дорад, таҷовуз шудааст
Як духтари қирғиз, ки иддао дорад, таҷовуз шудааст

Мақомот дар Қирғизистон ба таҳқиқи қазияи пурсарусадои таҷовузи як духтари ноболиғ шурӯъ кардаанд.

Духтари 15-сола иддао дорад, ки давоми 2 сол дар манзили зисташон аз ҷониби падарандари худ таҷовуз мешуд. Модари духтар ин иттиҳомро нисбат ба шавҳараш қабул надорад ва беасос мехонад.

Наворро ин ҷо тамошо кунед.

Духтар падарандарашро бо таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард. Модараш бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Номи қаҳрамон ва мусоҳибони ин гузориш тағйир дода шудааст. Дар ин навор Салтанати 15-сола дар бораи он қисса мекунад, ки шавҳари модараш давоми ду сол ӯро таҷовуз мекард ва ҳоло ба гуфтаи духтар, модару падарандар ӯро метарсонанду таҳдид мекунанд, то ин ҳодиса расонаӣ ва падарандар муҷозот нашавад.

Салтанат гуфт, “онҳо маро таҳдид карда мегуфтанд, ки агар ба касе дар ин бора бигӯям, маро мекушанд. Онҳо мегӯянд, бигӯ ки ба ин ҳама холаам гунаҳкор аст. Ин бофтаҳои холаам аст. Мегӯянд, ӯро гунаҳкор кунам”.

Ин навор дар Маркази бемориҳои руҳӣ сабт шудааст. Салтанат чанд рӯзи ахир дар ин ҷо нигаҳ дошта мешавад. Холаи духтар барои ӯ вакили дифоъ гирифтааст. Вакилро ба назди духтар роҳ намедиҳанд. Шердор Абдукапаров, вакили дифои Салтанат мегӯяд, “падарандараш шоҳид нест, ӯ гумонбар аст”.

“Вале ӯ дар озодӣ мегардад ва ба ӯ ҳатто иҷоза медиҳанд, ки ба назди духтар дарояд. Аз тарафи ӯ ба духтарак таҳдидҳо ҳам шудааст. Ман тибқи қонун аз ҳуқуқҳои ӯ ҳимоя мекунам, вале маро ба наздаш роҳ намедиҳанд”,--гуфт ӯ.

Модари Салтанат дар баробари ӯ 8 фарзанди дигар дорад. Ин духтар пас аз синфи 3 мактабро хатм кардааст. Ба ҷои дарс ӯ ба модараш дар корҳои хона кӯмак мекард.

Бибии Салтанат нақл мекунад, ки ҳанӯз аз хурдӣ духтарак аз ҷониби падарандараш Арсен лату куб мешуд. Як соли пеш модаркалони Салтанат шоҳиди як саҳнаи шубҳанок шуд. Қундуз, модаркалони ӯ мегӯяд, “Салтанат мехост чизеро аз ҷевон бигирад ва дар ҳамин ҳол Арсен ба назди ӯ рафта ба болояш баромад ва ба пушташ задан гирифт”.

Ӯ гуфт, “вақте маро дид, дарҳол аз ӯ дур шуд. Ман инро ба модари Салтанат гуфтам. Муноқишаи калон шуд, вале баъди чанд муддат модараш гуфт, ки ҳама хуб аст”.

Холаи Салтанатро ҳам рафторҳои шубҳаомези падарандари духтарак нигарон карда буд. Ӯ мегӯяд, шавҳари хоҳараш шабона чанд бор бо духтарандараш аз хона берун мерафт. Ба суолҳои зиёди наздикон дар ин бора духтарак кӯшиш мекард, ҷавобҳои дигаре бигӯяд. Чанд ҳафта пеш Салтанат аз холааш кӯмак хост. Бермет, холаи Салтанат мегӯяд, “хоҳарзодаам аз ман хост, ки барояш кӯмак кунам, то падари воқеии худро пайдо кунад. Ӯ гуфт, дигар намехоҳад дар ин хонавода зиндагӣ кунад ва нақл кард, ки ӯро падарандараш таҷовуз кардааст”.

Баъди ошкор шудани ҳодиса дар оила низоъ сар зад. Мақомот аз ин ҳодиса танҳо баъди муроҷиати ҳамсояҳо дар пай як низои навбатӣ огоҳ шуданд. Назира Имонғозиева, сухангӯи Раёсати корҳои дохилаи минтақаи Чуйи Қирғизистон гуфт, “ҳам духтари ноболиғ ва ҳам волидону холаи духтар аз муроҷиат ба мақомоти интизомӣ худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки ин масъалаи дохили оилавӣ аст ва худашон бояд ҳал кунанд. Вале бо ин вуҷуд ин ҳодиса бо моддаи 161, яъне таҷовуз сабт шуд ва ҳоло таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.

Салтанатро кормандони иҷтимоӣ аз хона гирифтанд ва баъдан бо мақсади ҳифзи сиҳатии ӯ духтарро ба Маркази равоншиносӣ фиристоданд. Модари Салтанат дар ин қазия аз шавҳараш пуштибонӣ мекунад. Бадахлоқии шавҳарро, ба гуфтаи ҳамсояҳо, ӯ ба назар намегирифт. Модари ӯ бовар дорад, ки ин қазияи бофтааст ва духтари 15 солааш бо кӯмак ва хости холааш ин корро мекунад. Жазгул, модари Салтанат гуфт, “хоҳари ман духтарамро метарсонад. Духтарам росташро ба ман нақл кард. Ӯро як ҷавони 22 сола таҷовуз карда, хост гуноҳро ба гардани шавҳари ман гузорад. Ман бовар дорам, ки ӯ ба чунин коре даст намезанад. Ӯ одами мазҳабӣ аст”.

Ба гуфтаи модар, Салтанат аслан намехост, ин қазия расонӣ шавад. Бинобарин онҳо ҳам ба мақомот шикоят набурданд. Ҷавоне, ки модар ӯро дар таҷовузи духтар гунаҳкор медонад, ин иттиҳомро рад мекунад. Алмаз, дар ин парванда ҳамчун шоҳид ширкат дорад.

“Ҳамон бегоҳе, ки ман баромадам, он ҷо падарандари духтар буд. Ӯ бо ман баромад ва гуфт, биё сӯҳбат кунем. Ман аввал хостам бо ӯ ҷанг кунам, вале худдорӣ кардам ва гуфтам, ту чӣ мехоҳӣ? Мехоҳӣ маро ба ин ҷиноят шарик кунӣ? Ӯ ба ман гуфт, медонӣ чунин як мушкил пеш омадааст. Маро метавонанд аз озодӣӣ маҳрум кунанд. Ман гуфтам, ин ба ман дахл надорад”,--гуфт ӯ.

То куҷо духтари наврас қурбонии ҷинояти вазнин шуд ва ё василаи муноқишаҳои хонаводагӣ шудааст, таҳқиқ маълум хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG