Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон то 2500 нафар коҳиш дод


Нерӯҳои амрикоӣ дар Қандаҳор
Нерӯҳои амрикоӣ дар Қандаҳор

Вазорати дифои Амрико рӯзи 15-уми январ эълом кард, ки теъдоди сарбозони худро дар Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш додааст. Бар асоси эъломияи Пентагон, дар ду даҳаи гузашта ин теъдоди камтарини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мебошад.

Сарпарасти Вазорати мудофиаи Амрико гуфтааст, ҳамроҳ бо муттаҳидонашон дар НАТО маъмурияти мубориза бо терроризм ва таълиму машваратро ба нирӯҳои афғон идома хоҳанд дод. Ӯ гуфтааст, ин ду маъмурият ба хотири он аст, ки террористон ҳеч гоҳ натавонанд бо истифода аз хоки Афғонистон ба Амрико зарба бизананд.

Амрико муддатҳо боз барои берун кардани сарбозонаш аз Афғонистон тасмим гирифта буд ва бо имзои созиши сулҳ бо Толибон дар моҳи феврали 2020 марҳилаи хуруҷи сарбозонашро оғоз кард.

Дар эъломияи Вазорати дифои Амрико дар рӯзи 15-уми январ омадааст: "Имрӯз нисбат ба ҳар замоне дигар ба хатми ду даҳаи ҷанг ва раванди сулҳи афғонҳо наздик шудааст, ки дар натиҷаи он метавон ба як тафоҳуми сиёсӣ ва оташбаси доимӣ даст ёфт."

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико гуфтааст, бо кам кардани сарбозон ваъдаи худро барои пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон ва амалӣ кардани мувофиқатнома бо Толибон нишон медиҳанд.

Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Тлибон, дар як паёме аз коҳиши теъдоди сарбозони амрикоӣ истиқбол карда, гуфтааст, умед доранд теъдоди боқимондаи сарбозони амрикоӣ ҳам бар асоси мувофиқатнома аз кишвар хориҷ шаванд.

Аммо Амрико дар замоне шумори сарбозони худро дар Афғонистон коҳиш дод, ки раҳбарони НАТО дар мавриди он изҳори нигаронӣ карда, мақомоти афғон ҳам аз шарики стратегии худ хостаанд, сарбозон бояд ба таври масъулона Афғонистонро тарк кунанд.

Дар ҳоли ҳозир нирӯҳои афғон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бо ҷангҷӯёни Толибон даргиранд ва амният ҳам дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон бадтар шудааст. Таркишҳо бо истифода аз бомбҳои магнитӣ ва кушторҳои ҳадафманд низ афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG