Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати ҳакамони FIFA дар соли 2021 дохил шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯйхати доваронеро, ки бозиҳои байналмилалиро дар соли 2021 ҳакамӣ мекунанд, нашр кард.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 14 нафар - 5 довар ва 7 ёвари довари FIFA оид ба футбол ва ду ҳакам оид ба футзал – дохил шуданд.

Доварони FIFA:

Насрулло КАБИРОВ (Норак)

Сайёдҷон ЗАЙНИДДИНОВ (Душанбе)

Хуршед ДАДОБОЕВ (Хуҷанд)

Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе)

Нодира МИРЗОЕВА (Душанбе)

Ёварони доварони FIFA:

Хусрави СИДДИҚЗОД (Душанбе)

Акмал БУРИЕВ (Турсунзода)

Вафо ҚАРАЕВ (Шаҳринав)

Исмоил НУРАЛИЕВ (Норак)

Фарҳод ҚУРАЛОВ (Душанбе)

Ҳасан КАРИМОВ (Норак)

Дилшода РАҲМОНОВА (Душанбе)

Доварони FIFA оид ба футзал:

Беҳрӯз МУРТАЗОЕВ (Душанбе)

Суҳроб САТТОРОВ (Турсунзода)

Аз ин рӯйхат нӯҳ нафар ба рӯйхати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд. Инҳо доварони FIFA Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло ва Сайёдҷон Зайниддинов, инчунин ёварони довари FIFA Хусрави Сиддиқзод, Акмал Буриев, Ҳасан Каримов, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Қуралов мебошанд.

Доврони FIFA оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев ва Суҳроб Сатторов барои он ки ба рӯйхати доварони мумтози AFC оид ба футзал шомил шаванд, имсол аз якчанд озмоиш хоҳанд гузашт.

XS
SM
MD
LG