Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Канада бархӯрди Чинро бо мусалмонони ӯйғур"наслкушӣ" донист


Порлумони Канада рӯзи душанбеи 22-юми феврал бо аксарияти орои вакилон қатъномаеро қабул кард, ки дар он шеваи бархӯрди Чин бо ӯйғурҳо "наслкушӣ" хонда шудааст. Чанд соат пас аз ин қарори порлумони Канада, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфт, ки Пекин ба Оттава номаи эътирозӣ фиристодааст. Эҳтимол меравад бо қабули ин қатънома дар порлумони Канада, танишҳои дипломатӣ миёни Пекин ва Оттава афзоиш ёбад.

Порлумони Канада мегӯяд, ӯйғурҳо дар Чин бо саркӯби сахт рӯбарӯ ҳастанд ва агар рафтори Пекин бо онҳо тағйир накунад, Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022 ҳам бояд дар як кишвари дигар баргузор шавад. Дар солҳои ахир робитаҳои Чин ва Канада пуртаниш будааст ва эҳтимол дорад, ки ин иқдоми порлумони Канада ҳукумати Чинро бештар хашмгин созад.

Сафорати Чин дар Оттава вокуниш нишон дода, дар эъломияе гуфтааст, ки талошҳои Канада барои пешгирӣ аз пешрафти Чин бо қабули ин қатънома, наметавонад ба натиҷа бирасад. Нахуствазири Канада ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки гузоришҳое дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷони Чин ба даст омадааст.

Аммо ҳукумати Чин ин интиқодҳоро рад карда мегӯяд, Шинҷон як масъалаи дохилии ин кишвар буда, ин урдугоҳҳо заминаҳои омӯзиши касбӣ ва мубориза бо ифротгароиро фароҳам мекунад.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин рӯғи 22 феврал ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева гуфт, ӯйғурҳои сокини Шинҷон аз озодии мазҳабӣ ва ҳуқуқи корӣ бархӯрдор ҳастанд.

Оқои Ван шеваи бархӯрди ҳукумати Чин бо ақалиятҳои қавмӣ дар Шинҷонро як "намунаи дурахшон" аз пешрафт дар заминаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар хондааст. Вазири умури хориҷии Чин ҳамчунин гуфтааст, ки акнун пас аз чаҳор сол Шинҷон "суботи иҷтимоӣ ва рушди ором"-ро ҳатто бидуни як ҳодисаи террористӣ таҷриба мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳудуди 24000 масҷид дар Шинҷон фаъолият доранд.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Чин, воқеиятҳо нишон медиҳад, ки ҳаргиз Шинҷон саҳнаи ба истилоҳ "наслкушӣ", кори маҷбурӣ ва маҳдудиятҳои мазҳабӣ набудааст.

Аммо Созмони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳудуди як миллион тан аз ӯйғурҳо ва дигар ақалиятҳои мусалмон дар Чин дар урдугоҳҳои кори маҷбурӣ дар Шинҷон ба шакли зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG