Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот тасдиқ карданд Навалнийро аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар бурданд


Алексей Навалний дар додгоҳ
Алексей Навалний дар додгоҳ

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия тасдиқ карданд, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний аз боздоштгоҳ ба зиндони дигар интиқол дода шуд. Александр Калашников, раиси Хадамоти зиндонҳои Русия дар изҳороти рӯзи 26 феврали худ нагуфт, ки маҳалли нигаҳдории Навалний куҷо аст. Навалнийро ба 2,6 соли зиндон маҳкум карданд. Калашников ба журналистон гуфт, “ӯ ба ҷое интиқол дода шуд, ки бар асоси қарори додгоҳ бояд мерафт”. Ӯ гуфт, “ба шумо кафолат медиҳам, ки ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад, ӯро ба ҳоли худ гузоред”. Маъмулан мақомоти зиндонҳои Русия маҳалли интиқоли зиндониҳоро ошкор намекунанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки рӯзе пеш вакили дифои Навалний - Вадим Кобзев гуфт, вақте ба дидани зерҳимояаш ба боздоштгоҳ рафт, фаҳмид, ки Навалнии 44-соларо ба як макони номаълум интиқол додаанд. Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний баробари бозгашташ аз табобати Олмон эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои ғарбро ба бор овард. Навалнийро дар он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти шӯравӣ аз моҳи август ба ин сӯ дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил кард.

XS
SM
MD
LG