Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек 79 кӯдаки ҷангҷӯёни қирғизро аз Ироқ баргардонд


Кӯдакони қирғиз аз Ироқ баргардонида шуданд. 16 март, 2021.
Кӯдакони қирғиз аз Ироқ баргардонида шуданд. 16 март, 2021.

Қирғизистон даҳҳо кӯдаки ҷангҷӯёни қирғизро, ки дар Ироқ таваллуд шудаанд, ба ин кишвар бозгардонд. Ҳавопаймои махсусе, ки барои интиқоли ин кӯдакон аз Қирғизистон ба Ироқ рафта буд, рӯзи 16-уми март бо 79 кӯдак дар фурудгоҳи Бишкек фуруд омад. Ин кӯдакон фарзандони он шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд, ки барои пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ кишварашонро тарк карда ва ба Сурия ва Ироқ рафта буданд.

Пас аз шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ, садҳо зан аз Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Ироқ ва ё ҳам дар паноҳгоҳҳои махсус дар шимол-шарқи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Бисёре аз ин занҳо шавҳарҳояшонро дар ҷанг аз даст додаанд ваё онҳо кушта шудаанд ё ҳам зиндонӣ.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки интиқоли кӯдакон ба ин кишвар бо ризоияти модарони зиндонӣ дар Ироқ ва ваъдаи наздикони онҳо дар Қирғизистон барои пазириши ин кӯдакон дар хонаводаҳояшон, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин вазорат, ҳукумат дар бахши мутобиқ кардани ин кӯдакон дар ҷомеаи Қирғизистон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Интиқоли кӯдакон аз Ироқ ба Қирғизистон бо ҳамкории ЮНИСЕФ ё Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид анҷом шудааст. ЮНИСЕФ ҳам бо нашри эъломия гуфт, бидуни дарназардошти онки, ки онҳо дар кадом шароит ба дунё омадаанд, бо ин кӯдакон набояд ҳамчун муҷрим ё гунаҳкор рафтор шавад.

Бар асоси оморҳо, беш аз 800 шаҳрванди Қирғизистон ба шумули 150 зан барои пайвастан ба гурӯҳи ДОИШ ба Ироқ ва Сурия рафтаанд.

Тасмими Қирғизистон барои интиқоли кӯдакон аз Ироқ ба кишвар аз сӯи Амрико мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Сафорати Амрико бо нашри эъломия гуфтааст, ки ин иқдом ба кӯдакон фурсат медиҳад, то як зиндагии оддиро таҷриба кунанд. Дар ин эъломия аз кишварҳои дигар ҳам хоста шудааст, то монанди Қирғизистон кӯдаконро, ки дар миёни ҷангиён дар Ироқ ва Сурия ба дунё омадаанд, ба кишварашон интиқол диҳанд.

Пас аз эъломи хилофати худхондаи гурӯҳи Давлати исломӣ ё ДОИШ дар бахшҳое аз Сурия ва Ироқ дар соли 2014, беш аз 41 ҳазор хориҷӣ аз беш аз 100 кишвар бо ин гурӯҳ пайвастанд. Бар асоси тахминҳо, ҳадди ақал шаш ҳазори онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.

Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, кишварҳо вазифадоранд, шаҳрвандони худро баргардонанд ва агар далели қонунӣ буд, калонсолонро дар додгоҳҳо муҳокима бикунанд. Дар қароргоҳҳои Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол) ва Рож дар Сурия 64 ҳазору 600 нафар нигаҳдорӣ ва аз ҷониби мақомоти курд дар Сурия назорат мешаванд. 9 ҳазору 462 нафари онҳо хориҷӣ ва боқимонда шаҳрвандони Ироқу Сурия ҳастанд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, тобистони соли 2020 дар паноҳгоҳи Рож 7 зан ва 17 кӯдаки тоҷик ва дар Ал-Ҳавл наздики 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсар ва кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ (гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ") ҳастанд, ки солҳои 2014-2016 барои пайвастан ба сафи ин гурӯҳ ба Сурия ва Ироқ рафта, пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба дасти нерӯҳои курд асир афтоданд. Тоҷикистон тайи ду соли гузашта даҳҳо тан аз шаҳрвандони худро аз Ироқ ба кишвар бозгардонд.

XS
SM
MD
LG