Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони амрикоӣ аз мудирони Фейсбук ва Гуглу Твиттер дар бораи дурӯғпароканӣ пурсиданд


Вакилони мардумӣ дар Амрико рӯзи 25-уми март мудирони Фейсбук, Гугл ва Твиттерро барои "нақши онҳо дар барангехтани ошӯб" дар бинои порлумон сахт "истинтоқ" карданд.

Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ин ширкатҳо натавонистаанд, пеши роҳи дурӯғпароканиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бигиранд.

Пурсупос дар Маҷлиси намояндагон 6 соат идома ёфт ва вакилон гуфтанд, дар ин шабакаҳо ҳама чиз аз ифротгароии сиёсӣ то дурӯғпароканӣ дар бораи ваксинаҳо бемамониат паҳн мешавад. Дар пурсупос, ки онлайн сурат гирифт, Марк Зукерберг, мудири Фейсбук, ба вакилон гуфт, бе маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ, монеъ шудан ба нашри матолиби зиёновар номумкин аст ва афзуд, "ин роҳест, ки фикр намекунам, ҷомеаи мо бо он роҳат бошад".

Аъзои Кумитаи энержӣ ва тиҷорати Маҷлиси намояндагон аз он норозӣ буданд, ки Марк Зукерберг, Ҷек Дорси (мудири Твиттер) ва Сундар Пичай (мудири иҷроияи Гугл) эътироф накарданд, ки шабакаҳои иҷтимоии онҳо дар барангехтани тарафдорони раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп ба ҳамла ба Капитол нақш доранд. Дар ҷараёни ин ошӯб ва бесарусомониҳои баъди он дар рӯзи 6-уми январи имсол 5 нафар кушта шуданд.

Майк Дойл, вакили Ҳизби демократ ба Марк Зукерберг гуфт: "Чӣ гуна мегӯед, ки Фейсбук дар ҷалбу тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамла ба Капитол даст надорад? Интихобҳои шумо зиндагӣ ва демократияи моро ба хатар меандозад".

Истинтоқи раҳбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар замоне сурат мегирад, ки вакилони Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳон барои таъйини муқаррароти наве барои шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд мекунанд.

Онҳо мехоҳанд, банди 230-и Қонуни маърифати мукотиба ислоҳ шавад, ки иҷоза намедиҳад, ширкатҳоро барои матлабҳое, ки корбарон дар саҳифаҳои онҳо мегузоранд, ба додгоҳ бикашанд.

Раиси ҷумҳур Ҷо Байден хостааст, ки ин муқаррарот бознигарӣ шавад ва талабот аз мақомот зиёдтар мешавад, ки барои аз байн бурдани дурӯғпароканӣ ва ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чораҳои сахттаре биандешанд.

Мудирони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба ин талабҳо посух доданд ва аз ҷумла гуфтанд, ки ба сабаби иддаоҳои беасоси Трамп дар бораи тақаллуб дар интихобот саҳифаи ӯро аз шабакаҳои иҷтимоӣ бардоштанд ва ҳазорон матлабу навиштаҳои дурӯғ дар бораи COVID-19-ро пок карданд.

Сундар Пичай, мудири иҷроияи Гугл, ки Ютуб аз он аст, аз амалкардҳояшон дар ин шабакаи видеоӣ ҳимоят кард ва гуфт, ки пас аз ошӯби 6-уми январ онҳо "манобеи муътабар"-ро таъсис дода ва "пахшҳои мустақим ва видеоеҳоро бардоштанд, ки ҳадафи барангехтани зӯроварӣ доштанд".

Ҷек Дорси, мудири Твиттер гуфт, агар ҳукуматҳо "дикта" кунанд, ки чиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд гуфт ва ё нагуфт, пас ин шабакаҳо ҷое мешаванд, ки мардум ҳеч кори ҳукуматро зери суол бурда наметавонанд. Ӯ афзуд, "ҳоло чунин воқеият дар бисёре аз кишварҳо ҳаст".

Ҷек Дорси пешниҳод кард, муқаррароти ягонае барои назорат барои муҳтавои матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис шавад, вале вакилони амрикоиро мутақоид карда натавонист.

Ҷорҷ Баттерфилд, вакили демократ дар посух гуфт: “Шумо фақат гап мезанеду гап мезанед, вале амал намекунед. Зоҳиран Конгресс маҷбур мешавад, шуморо ҷазо диҳад, то тағйири маънидоре эҷод кунед.”

Дигар вакилони мардумӣ, Фейсбуку Твиттеру Гуглро ба он муттаҳам карданд, ки бо истифода аз алгоритмҳо, матолиби тафриқабарангезу ифротиро доман мезананд, то корбаронро ба он кашанд ва аз реклама фоидаи бештар ба даст биёранд.

Раҳбарони шабакаҳо гуфтанд, ки ин ин иддаоҳо дуруст нест ва суитафоҳум дар бораи шеваи кори алгоритмҳоро нишон медиҳад. Билл Ҷонсон, вакили Ҳизби демократ ба раҳбарони ширкатҳо гуфт, ки "ман дар байни шумо худбоварии зиёде мебинам".

Ӯ афзуд, ки Фейсбуку Твиттеру Гугл ҳамон рафтореро мекунанд, ки ширкатҳои истеҳсоли тамоку даҳсолаҳо пеш доштанд, яъне медонистанд, ки сигор барои сиҳатии ҷомеа зиён дорад, вале онро пинҳон медоштанд. Ӯ гуфт: “Ширкатҳои бузург дар воқеъ ба дасти бачаҳои мо сигори рӯшанкардаро медиҳанд ва умедворанд, онҳо то охири умр муътоди он мемонанд".

Вакили мардумӣ ҳамчунин гуфт, мубоҳисаи имрӯз оғози робитаҳои нав байни "тамоми мост" ва рафтори нодуруст бе ҷавобгарӣ намемонад.

XS
SM
MD
LG