Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон ҷараён дорад


Баъзе аз сокинони Қирғизистон мегӯянд, тағйирот ба Қонуни асосӣ ба президент қудрати бештар медиҳад
Баъзе аз сокинони Қирғизистон мегӯянд, тағйирот ба Қонуни асосӣ ба президент қудрати бештар медиҳад

Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар оғоз шуд. Тарҳи нави Конститутсия қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад. Ҳоло дар он кишвар низоми порлумонӣ ҷорист.

Раъйпурсӣ баъди бештар аз се моҳи интихоби Содир Ҷабборов ба мансаби президенти Қирғизистон сурат мегирад. Ҷаборров, ки то моҳи октябри соли 2020 дар зиндон буд, дар пайи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути ҷонибдоронаш озод карда шуд.

Ӯ аввал нахуствазир ва баъди зери фишор аз қудрат рафтани раиси ҷумҳури пешин, Сооронбой Ҷеенбеков, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Дар интихоботи президентии моҳи январи имсол иштирок кард ва, ба иттилои расмӣ, пирӯз гардид.

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда, гуфтаанд, ӯ барои эҷоди як ҳукумати худкома шитоб дорад. Ба бовари онҳо, тағйирот ба Конститутсия ба президент салоҳияту қудрати бештар медиҳад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пештар гуфта буд, ки "тарҳи Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест".

Содир Ҷабборов моҳи март дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳимоят кард. Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, "Кумисюни марказии интихобот натиҷаҳои раъйпурсиро бояд дар зарфи 10 рӯз эълон кунад. Пас аз он, бояд лоиҳаҳои навро ба порлумон пешниҳод кунем. Бояд ҳамаи тарҳҳоро тибқи Конститутсияи нав қабул кунем. Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз қонунҳо бо ҳам мухолифат доранд, бахусус Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноӣ."

Қирғизистон 6,5 миллион аҳолӣ дорад ва аз соли 2005 се дафъа шоҳиди инқилоб ва ё бо зӯр сарнагун шудани ҳукумат будааст.

XS
SM
MD
LG