Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, дар ҳодисаи Натанз даст надорад. Эрон таҳдид кард, ки интиқом мегирад


Натанз, Эрон.
Натанз, Эрон.

Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 12-уми апрел гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳодисаи қатъи барқ дар таъсисоти ҳастаии Эрон дар Натанз дахолате надоштааст. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Ҷен Псаки ҳамзамон дар нишасти хабарӣ аз изҳори назар дар бораи иттиҳоми Эрон ба Исроил дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кардааст.

Сухангӯи Кохи Сафед дар ин маврид гуфтааст, Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин қазия даргир набудааст. Ӯ дар мавриди иттиҳоми Эрон ба Исроил гуфт, "мо ҳарфе барои илова кардан дар бораи ҳадсу гумонҳо надорем."

Рӯзномаи "The New-York Times" ба нақл аз ду манбаи истихборотӣ навишт, ҳодисае, ки рӯзи 11-уми апрел сабаби қатъи барқ дар таъсисоти ҳастаии Натанз дар Эрон шуд, таркиш буд ва системаи барқрасонии пойгоҳи атомиро ба таври умумӣ аз кор андохт. Тибқи арзёбиҳо, ҳамакнун Эрон барои бозгашт ба нуқтае, ки пеш аз ин таркиш дар он қарор дошт, ҳадди ақал ба 9 моҳи дигар ниёз дорад.

Эрон ҳамакнун таҳдид кардааст, ки интиқоми ҳодисаи Натанзро мегирад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи душанбе ба нақл аз Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар Исроилро ба даст доштан дар қатъи барқ дар таъсисоти атомии Эрон дар Натанз муттаҳам кард.

Зариф гуфтааст, ки Исроил мехост интиқом бигирад, зеро талошҳои Эрон барои бекор кардани таҳримҳо пешрафт кардааст. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон, Исроил ошкоро гуфтааст, ки ба бекор шудани таҳримҳо алайҳи Эрон иҷоза нахоҳад дод. Зариф афзудааст, ки интиқоми ҳодисаи таъсисоти атомии Натанзро аз ин кишвар хоҳанд гирифт.

Ҳодисаи Натанз дар замоне рух дод, ки Эрон ва Амрико ҳафтаи пеш гуфтугӯҳои ғайримустақими худро барои бозгашт ба ӯҳдадориҳояшон дар чаҳорчӯби созиши ҳастаи ва бекор кардани таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон оғоз кардаанд, вале ин гуфтугӯҳо ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.

Қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда даври нави ин гуфтугӯҳо дар Вена оғоз шавад ва Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи душанбе дар ин маврид гуфт, ки интизор меравад ин музокирот душвор ва тӯлонӣ бошад.

Бузургтарин муассисаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Натанз аст, ки аз Теҳрон 250 километр фосила дорад. Ин муассиса ба хотири ҳифозат аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар зери замин сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG