Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Леваканд ҷасади як духтари 16-соларо ёфтаанд


Шаҳри Леваканд
Шаҳри Леваканд

Ба иттилои расмӣ, дар кӯҳҳои деҳаи Зартеғи шаҳри Леваканд (Хатлон) ҷасади як духтари 16-соларо пайдо кардаанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҷасадро сокинон ёфтанд ва маъмурони наҷот онро аз баландии якуним ҳазор метр поин оварда, рӯзи 12-уми апрел ба дасти кормандони милиса супурданд.

Сабаби марги духтар маълум нест. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, "дар бораи ҳодиса ва шахсияти марҳум низ маълумоти зиёд дастрас нашуд". Аммо, ба иттилои манбаъ, "маълум гардид, ки он ҷасади як духтари 16-сола, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст."

Дар ҳамин ҳол, чанд сокини деҳаи Зағертии Леваканд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, духтар тақрибан ду моҳ пеш бедарак шуда, дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Зимнан, ин ҳамон минтақаест, ки зимистони имсол се сокини Леваканд ба ҷустуҷӯйи мол баромада, баъдан ҷасади яхкардаашон ёфт шуд.

Радиои Озодӣ қазияро пайгирӣ дорад ва сурати ба даст омадани иттилои бештар онро нашр хоҳем кард.

XS
SM
MD
LG