Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оби дарёҳо 30% кам аст." Маҳдудияти интиқоли барқро камтар карда, аммо аз байн набурдаанд


Мушкили барқ дар Тоҷикистон солҳо боз вуҷуд дорад
Мушкили барқ дар Тоҷикистон солҳо боз вуҷуд дорад

Ширкати "Барқи тоҷик" маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "камтар" карда, аммо пурра аз байн набурдааст.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, дар рӯзи аввали моҳи Рамазон аз соати ёздаҳи шаб то сеи субҳ барқ надоштанд. Иддае аз корбарон мегӯянд, бо эълони сабукӣ дар маҳдудияти интиқоли барқ тағйиреро надиданд. Гузашта аз ин, дар баъзе минтақаҳо шабонарӯзи охир интиқоли оби ошомиданӣ низ маҳдуд шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Маҳдудият сабук карда шуд. Ҳамакнун дар вақти ифтор ва оғози рӯзадорӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ карда намешавад. Ҳамзамон “Барқи тоҷик” мавзӯи пурра бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро баррасӣ дорад.”

Вай афзуд, ба сабаби камии об водор шудаанд, фаъолияти Маркази барқиву гармидиҳии Душанбе-2-ро ҳатто бо фарорасии ҳавои гарм идома диҳанд, “то сокинони кишвар бо нерӯи барқ бештар дастрасӣ дошта бошанд". Гуфта мешавад, ин марказ бо истифода аз ангишт кор карда, то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахти Тоҷикистонро бо нерӯи барқ ва гармӣ таъмин мекунад.

Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад кам аст ва лағви “лимит”-ро мушкил кардааст, ҳарчанд кишвар дар ҳафтаҳои охир шоҳиди боронгариҳост.

Қаблан масъулони Маркази обу ҳавошиносӣ ва Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки захираи барф дар кӯҳҳои кишвар дар муқоиса бо соли гузашта ду маротиба камтар аст.

Аз сӯйи дигар, хабаргузории “Авесто” бо такя ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ дар рустоҳои кишвар, Душанбе интиқоли барқро ба хориҷа қатъ накардааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷ беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” низ дар нишасти хабарӣ идомаи содироти нерӯи барқро ба Афғонистон зикр карда, изҳор доштанд, ки барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани хатҳои интиқоли нерӯи барқ содироти он ба миқдори андак ҳатмӣ аст.

Зариф Наим, иқтисоддон ва роҳбари дафтари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Душанбе, гуфт: “Ҳифзи хатҳои интиқоли нерӯи барқ як паҳлӯи масъала аст. Тарафи дигари он ба мавзӯи рақобатҳои тиҷоратӣ рабт дорад. Агар Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя дар ин шароит барқ надиҳад, Афғонистон барқро аз кишварҳои дигар, аз ҷумла, Узбекистон метавонад бигирад. Дар ин сурат, мо метавонем як харидори бузурги барқи худро аз даст диҳему дар шароити доштани барқи изофӣ бехаридор монем."

Пештар ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома имзо карда буд. Интизор меравад, то поёни соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 3 миллирад киловатт-соат нерӯи барқ содирот шавад.

Аммо корбарони шабакаҳои Радиои Озодӣ изҳор медоранд, ки давлат дар навбати аввал бояд эҳтиёҷоти мардуми кишварро бароварда созад ва танҳо он гоҳ аз ҳисоби барқ ё оби зиёдатӣ бо кишварҳои ҳамсоя вориди тиҷорат шавад.

XS
SM
MD
LG