Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико то 11 сентябр нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад


Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.
Нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон.

Кохи Сафед гуфт, қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 14-уми апрел дар бораи берун баровардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суханронӣ кунад. Пештар аз он хабаргузории "Ройтерз" ва рӯзномаи "Вашингтон Пост" гузориш доданд, ки Байден нерӯҳои амрикоиро то 11-уми сентябри имсол аз Афғонистон берун хоҳад кард. Ин тасмими Байден ба дарозтарин ҷанги Амрико поён хоҳад дод.

Хабаргузории "Ройтерз" ва рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи сешанбе ба нақл аз манбаъҳои худ дар ҳукумати Амрико навиштанд, Ҷо Байден тасмимашро дар ин маврид эълон хоҳад кард. Чанд соат пас аз нашри ин хабар, Кохи Сафед эълон кард, ки Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.

Хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон баробар мешавад ба бистумин солрӯзи ҳамлаи 11-и сентябри соли 2001 ба Амрико.

Ба гуфтаи манобеъ, интизор меравад, вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Амрико дар мавриди бозгашти нерӯҳои амрикоӣ ба хона, рӯзи чаҳордаҳуми апрел дар Брюссел -- пойтахти Белгия ба муттаҳидони худ дар НАТО маълумот диҳанд.

Нерӯҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла бурданд ва низоми Толибонро сарнагун карданд. Ин гурӯҳ ба "Ал-Қоида", ки муттаҳами асосии ҳамла ба Амрико ба шумор мерафт, паноҳ дода буд. Дар ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико наздик ба 3 ҳазор тан кушта шуданд.

Ба гузориши бахши марказии Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир ҳадди ақал 2500 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Аммо чанде пеш шумораи ин нерӯҳо ҳудуди 3 ҳазору 500 тан гузориш шуда буд. Дар баробари нерӯҳои амрикоӣ, ҳудуди 7 ҳазор сарбози НАТО дар Афғонистон ҳузур доранд.

Тибқи созишнома байни Амрико ва Толибон, ки 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти Қатар ба имзо расид, ҳама нерӯҳои амрикоӣ то аввали моҳи майи соли 2021 бояд аз Афғонистон берун шаванд, ба шарти он ки Толибон ба ваъдаҳои худ дар мубориза бо терроризм амал кунанд.

Ҷо Байден ахиран ҳушдор дод, ки хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар вақти таъйиншуда дар ин созишнома, ба мушкил дучор хоҳад буд. Гурӯҳи Толибон таҳдид кардааст, ки агар нерӯҳои байналмилалӣ то аввали моҳи май Афғонистонро тарк накунанд, ҷанг ба зидди ин нерӯҳоро дигарбора оғоз кард.

Тасмими Байден дар мавриди хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон қарор аст дар ҳоле эълом шавад, ки Туркия рӯзи сешанбе гуфт, ки конфронси байналмилалии даҳрӯза дар мавриди сулҳи Афғонисон аз 24-уми апрел то 4-уми май дар Истанбул баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин, расонаҳо замони оғози нишасти Истанбулро 16-уми апрел гуфта буданд. Толибон рӯзи душанбе эълон карданд, ки дар 16-уми апрел дар ин нишаст иштирок карда наметавонанд. Ҳукумати Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар ин нишаст эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG