Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раисони вилоятҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, 31-уми майи 2021
Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, 31-уми майи 2021

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, расиони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, дар марз мулоқот кардаанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Бодканд хабар дод, ки мулоқот 31-уми май баргузор шуд. Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд дар бораи ҳузури Аҳмадзода дар Исфара ва оғози мумфаршкунии баъзе аз қитъаҳои роҳ гузориш дод, аммо дар бораи вохӯрӣ чизе нагуфт.

Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, тарафҳо дар мулоқот “масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад”-ро баррасӣ карда, ба зарурати “рафъи пайомадҳои муноқиша ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ” таъкид намудаанд.

Инчунин, дар байни деҳаҳои Мақсати Қирғизистон ва Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон навбатдории милисаҳо ташкил шудааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин бора тарафҳо ҳанӯз соли 2019 ба созиш расида буданд, вале иҷро нагардида буд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва беш аз 180 маҷрӯҳ хабар дод.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

XS
SM
MD
LG