Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пой дар зиндон, як пой дар хона. Сарнавишти гиреҳхӯрдаи Меҳриниссо ва Ҳилолбӣ


Як зани сокини деҳаи Порвор селобро убур мекунад. Акс аз соли 2017
Як зани сокини деҳаи Порвор селобро убур мекунад. Акс аз соли 2017

Сарнавишти Меҳриниссо, зани 50-солаи сокини деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шуроободи пешин) панҷ соли пеш, пас аз зиндонӣ шудани шавҳараш тағйир кард. Додгоҳ шавҳари ӯро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор кард ва барои 14 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Ба зиндон ғизо мебарад ва ариза менависад

Меҳриниссо тарбия ва саробони чор фарзандро панҷ сол боз бар душ дорад, ба шавҳари зиндониаш дар маҳбаси рақами 1-и пойтахт ғизо мебарад ва ҳамзамон ба ниҳодҳои гуногун барои раҳоии ӯ ариза менависад. Шавҳари ӯ, Давлат Сафаров, соли 2016 бо гуноҳи “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор” зиндонӣ шуд. Мақомот ӯро дар интиқолу фуруши маводи мухаддир гунаҳкор донистаанд. Меҳриниссо шавҳарашро бегуноҳ медонад, аз ин рӯ, ба таври хастагинопазир барои озодиаш талош мекунад.

Деҳаи Порвор
Деҳаи Порвор

Меҳриниссо дар деҳае зиндагӣ мекунад, ки дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Сокинони ин деҳ борҳо шоҳиди задухурд бо кочоқбарон будаанд. Бархе аз сокинон аз ҷониби кочоқбарони афғон низ гаравгон шудаанд.

"Шавҳар ва ду писарамро гаравгон гирифтанд"

Меҳриннисо Маҳмудова мегӯяд, хонаводаи онҳо аз ҷумлаи қурбонии ин ҳодисаҳост. “Шавҳарамро соли 2001 дар пайи марги се ҷавони ҳамдеҳа, ки гуфта мешуд, аз суи қочоқбарони афғон кушта шудаанд, афғонҳо 21 рӯз гаравгон гирифтанд. Баъдан соли 2014 ду писарамро 43 рӯз гаравгон гирифтанд.”,--нақл кард ӯ.

Сокинони ин деҳа мегӯянд, то чанд соли пеш назорати марз сахт набуд ва кочоқбарон озодона вориди деҳоти марзӣ мешуданд.

Меҳриниссо нақл кард, рӯзе, ки шавҳараш бо пойи шикаста дар хона хоб буд, мақомот аз пушти манзили онҳо маводи мухаддир пайдо карданд. Мақомот дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтаанд, ки ин маводи мухаддир ба шавҳари Меҳриниссо таалуқ дорад.

Ин зан мутмаин аст, ки ё қочоқбарон ва ё афроди дигаре ин маводи мухаддирро дар пушти ҳавлии онҳо гузоштанд, то аз шавҳараш қасос бигиранд. “Ба тамоми ҷой шикоят кардам, ки парвандаи шавҳарамро бозбинӣ кунанд, чунки шавҳарам бемории асма дорад ва қочоқчиёни афғон барои қасосгирӣ туҳмат задаанд, чун маводи мухаддир на аз дохили манзили мо, балки аз пушти ҳавлӣ пайдо шуд”-афзуд ӯ.

Ҳамеша озурда ва шармсор

Меҳриниссо, ки ба гуфтаи худаш бештар аз сӣ сол дар деҳа омузгорӣ кардааст, зиндагии пур аз озурдагиву хиҷолат дорад. Эҳсос мекунад, ки пас аз зиндонӣ шудани шавҳараш мардум ба ӯ эҳтироми зиёд надоранд. Худи ин зан мегуяд, ҳоло танҳо талошаш ин аст, ки парвандаи шавҳараш бозбинӣ шавад ва мақомот муйро аз хамир ҷудо кунанд. “Ман 31- сол умри худро барои таълиму тарбияи фарзандони ин деҳа сарф кардам ва ҳамеша талош мекардам, ки ба ҷомеа кумаке карда бошам, аммо имрӯз касе маро намешунавад. Ҳамин аст, посухи ин ҳама хизмат ба мардум?”--мегӯяд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар чанд соли охир вазъ дар марз бо Афғонистон беҳтар шудааст, аммо ҳанӯз ҳам зиндагии заноне мисли ӯ, ки ба танҳоӣ фарзанд бузург мекунанд, хатарнок боқӣ мондааст.

Ҳилолмоҳ-- ҳамтақдири Меҳриниссо

Меҳриниссо, аз ҷумлаи занонест, ки шавҳаронашон бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Ҳилолмоҳ, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, яке дигар аз занонест, ки шавҳари ӯро ҳам ҳафт соли пеш барои ҳамкорӣ бо қочоқчиёни афғон ва фурӯши маводи мухаддир боздошту зиндонӣ карданд. Ӯ ҷое кор намекунад ва зиндагии худу се писарашро аз ҳисоби кишоварзӣ пеш мебарад.

Ин зан гуфт: “шавҳари ман ҳеҷ ҷой кор намекард. Вақте барои ҷамъоварии ҳезум ба теппаҳои деҳа рафт, бо чанд нафар афғонҳо, ки гуё ба чидани писта омада буданд, суҳбат кардааст. Баъди чанд вақт гуфтанд, ки гуё шавҳарам бо онҳо додугирифт дошт ва маводи мухаддирро аз дасти онҳо гирифта, дар тарафи Тоҷикистон мефурӯхт”.

Ҳилолмоҳ мегӯяд, зиндагӣ дар деҳаи онҳо натанҳо барои занону кӯдакон, балки барои мардон ҳам осон нест, чун як суҳбати тасодуфӣ бо нафароне, ки аз он сӯи дарё меоянд, метавонад “дарди сар” шавад.

Масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки бо занон кор мекунанд, мегӯянд аксар занҳое, ки мисли Меҳриниссо ва Ҳилолмоҳ шавҳаронашон дар маҳбас ҳастанд, аз чанд тараф ранҷ мекашанд. Аз як сӯ бояд кӯдаконро саробонӣ кунанд, зиндагиро ба роҳ монанд, ба шавҳарони маҳбуси худ хурок баранд ва барои озодии онҳо талош кунанд.

Машварат мепурсанд, ки чӣ кор кунанд?

Шаҳодат Муродова, ки солҳо боз дар созмони ҷамъиятие дар вилояти Хатлон кор мекунад гуфт, ин занҳо нахуст талош мекунанд, ки шавҳаронашон аз зиндон озод шаванд. "Меоянду машварат мепурсанд, ки чӣ кор кунанд? Дуюм барои онҳо тарбияи фарзандон, ки аксаран аллакай наврас ё болиғ ҳастанд, осон нест. Дар баробари ин, ҳамин гурӯҳи занон худро назди ҳамсояҳову ҳамдеҳаҳояшон гунаҳкор медонанд. Яъне, онҳо ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ азият мекашанд. Агар боз ҳам дар ҳамин вазъ зан ҳеҷ хату саводе надошта бошад, хеле сахт аст”,--гуфт ӯ.

Порвор, деҳае дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Деҳаи Порвор
Деҳаи Порвор

Деҳаи Порвор дар миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, ҳудуди 200 хоҷагӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Аз ин минтақа бештар хабарҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир, убури марз ва гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон, дар расонаҳо пахш мешавад. Ҳодисаҳои даст ба қочоқи маводи мухаддир задани сокинони ин деҳаро, коршиносон ба бекорӣ ва ҳамин тавр, ҳаммарз будан бо Афғонистон рабт медиҳанд. Як замон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид карда буд, ки аҳолии он рустоҳои наздимарзиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул мешаванд, аз онҷо мекӯчонад.

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон бештар аз 100 километр марзи муштарак дорад ва яке аз минтақаҳои осонгузари сарҳади Тоҷикистон барои кочоқбарон ба ҳисоб меравад. Аз кишвари ҳамсоя, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин дар ҷаҳон аст, аз ин роҳ афюну тарёку ҳероин ба кишварҳои дигар меравад. Гаравгонгирии сокинони ноҳия дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст, вале мақомот мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо дар марз дар муқоиса ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. То соли 2013 соле то ду ё се бор сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ҷониби кочоқбарон рабуда мешуданд. Ҳоло Меҳриниссо Маҳмудова умед дорад, ки мақомот ба муроҷиатҳояш расидагӣ мекунанд ва дар пайи бозбинии парвандаи шавҳараш муйро аз хамир ҷудо мекунанд.

XS
SM
MD
LG