Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мусалмон дар мақоми додраси федеролии ИМА


Президенти ИМА Ҷо Байдени демократ ба гуногунрангии ИМА ва дастгирии аққалиятҳо таъкид кардааст
Президенти ИМА Ҷо Байдени демократ ба гуногунрангии ИМА ва дастгирии аққалиятҳо таъкид кардааст

Шоми панҷшанбе, 10-уми июн Сенат номзадии Зоҳид Қурайширо ба мақоми раиси додгоҳи ноҳияи Ню-Ҷерсӣ тасдиқ кард. Қурайшӣ нахустин мусалмоне шуд, ки дар мақоми додраси федеролӣ кор хоҳад кард. CNN бо нашри ин хабар менависад, Чак Шуммер, раҳбари аксариятҳои Сенат дар тасмими пуштибонии номзадии Қурайшӣ гуфтааст: “Мо бояд на танҳо дар фикри рангорангии аҳолӣ, балки гуногунрангии касбӣ ҳам бошем. Бовар дорам, ки президент Ҷо Байден дар ин замина бо ман ҳамовоз мешавад”. Дар тавсифи кори Қурайшӣ ӯ гуфт, ин шахс “бисёр пурқудрат” аст. Нашрияи амрикоии New York Times мегӯяд, номзадии ӯро худи Байден дастгирӣ кардааст. Ба иттилои ин нашрия, Қурайшӣ 46 сол дошта, аз авлодҳои муҳоҷирони покистонӣ мебошад. Ӯ дар Ню-Йорк бузург шуда, хидмати артишро дар Ироқ пушти сар кардааст.

XS
SM
MD
LG