Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпии Токио-2020 имрӯз оғоз мешавад


Токио, Ҷопон.
Токио, Ҷопон.

Имруз, ҷумъаи 23-юми июл дар пойтахти Ҷопон Бозиҳои олимпии Токио-2020 оғоз мешавад. Ин мусобиқа ба хотири паҳншавии коронавирус як сол ба таъхир афтод. Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, ки 11 ҳазор варзишгар аз 204 кишвар дар ин Бозиҳо иштирок хоҳанд кард.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо - Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) – бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд.

Ҳафт нафари дигар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарсе дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук – бори аввал дар Олимпиада иштирок хоҳанд кард.

Ин мусобиқа дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар шаҳри Токио ба ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Бинобар ин маҳдудиятҳо, Бозиҳои олимпӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, Ҷилл Байден, бонуи аввали Амрико низ дар маросими ифтитоҳи ин бозиҳо иштирок кунад. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", бонуи аввали Амрико бо як ҳайат барои иштирок дар ин маросим рӯзи панҷшанбе ба Токио расид.

Ҳамзамон аз гирифтор шудани шуморе аз варзишкорон ба коронавирус гузориш шудааст. Аз ҷумла шаш нафар аз варзишгарони тими Ҷумҳурии Чех ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" гузориш додааст, ки Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Чех таҳқиқро дар бораи интишори вирус дар парвоз, ки 14 варзишкорро рӯзи ҷумъаи гузашта аз Прага ба Токио бурда буд, оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG