Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 15 ҳазор кас гузашт. 121 нафар ҷон бохтаанд


Ҳангоми дафни яке аз қурбониёни коронавируси нав дар Душанбе. Акс аз соли 2020
Ҳангоми дафни яке аз қурбониёни коронавируси нав дар Душанбе. Акс аз соли 2020

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 15 ҳазор кас гузашт. Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки танҳо рӯзи 31-уми июл 78 мавриди бемориро сабт карданд.

Ба иттилои расмӣ, аз оғози эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир дар Тоҷикистон 121 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Ҳар рӯз чандин нафар аз марги наздикону дӯстони худ бар асари коронавируси нав хабар медиҳанд, вале зоҳиран на ҳамаи онҳо расман ҳисоб карда мешаванд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар бештар аз як соли охир 14556 нафар ё зиёда аз 96 дарсади беморон шифо ёфтанд.

Дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯ ба афзоиш аст. Яке аз сабабҳои бештар шудани гирифторонро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба навъи "Делта"-и коронавирус рабт медиҳад.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл эълон карданд, ки эҳтимол навъи "Делта" (Delta)-и коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Гуруҳе хоҳони онанд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ дар Тоҷикистон ҳарчи зуд карантин эълон шавад. Ҳизби демократ низ дар муроҷиате аз Ситоди муқобила бо коронавирус хост, ба камияш бист рӯз "карантин" ҷорӣ намояд.

Аммо на дар мавҷи аввали беморӣ ва на ҳоло карантин эълон нашудааст. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон,шаш рӯз пеш гуфта буд, ки ҳоло зарурати ҷорӣ кардани карантин нест, "зеро вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд."

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG