Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кристиан Шмидти 63-сола намояндаи Созмони Милал дар Босния шуд


Кристиан Шмидт
Кристиан Шмидт

Сиёсатмадори олмонӣ, Кристиан Шмидт, намояндаи нави Созмони Милали Муттаҳид дар Босния ва Ҳерзоговина таъин шуд. Дар дувоздаҳ соли охир ин масъулиятро як дипломат аз Австрия бар уҳда дошт. Тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки вақтҳои охир аз тарзи кори маъмурияти СММ дар Босния танқид мешавад. Аз ҷумла, Русияву Чин гуфтанд, мақоми намояндаи олии Созмони Милал дар Босния ва Ҳерзоговина бекор карда шавад, вале пешниҳоди онҳо пазируфта нашуд. Кристиан Шмидти 63-сола ба ҳайси як сиёсатмадори қотеъ дар Олмон машҳур аст. Намояндагии СММ дар Босния бар асоси мувофиқатномаи сулҳи 1995 таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG