Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии Толибон зидди эътирозгарон дар Кобул


Шаҳрҳои мухталифи Афғонистон дар пайи даъвати Аҳмад Масъуд барои қиём алайҳи Толибон, шабонарузи гузашта саҳнаи тазоҳурот ва гирдиҳамоии мардум буданд. Гирдиҳамомадагон ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат ва зидди Покистону Толибон шиор сар медоданд.

Бо идомаи ин эътирозҳо, шабакаҳои хабарӣ рузи сешанбе аз тирандозии шадиди Толибон дар пойтахти Афғонистон барои парокандани кардани тазоҳуркунандагон хабар доданд. Ин гузоришҳо меафзоянд, ки Толибон эътирозгаронро латукӯб карда, хабарнигоронро иҷоза надоданд, ки наворбардорӣ кунанд. Хабаргузории "Тулуъ" низ гузориш дод, ки наворбардори ин шабакаи телевизионӣ ва чанд корманди расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз сӯи Толибон боздошт шудаанд.

Бинобар гузориши расонаҳо, ин тирандозӣ ҳудуди 10 дақиқа давом кардааст ва ҳануз маълум нест, ки талафоте дар пай доштааст ё не. Ин иқдоми Толибон пас аз таҷаммуи беш садҳо нафар, ки аксарияташон занон буданд, дар берун аз бинои Сафорати Покистон рух дод. Онҳо алайҳи Покистон шиор медоданд. Бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон кишвари Покистонро ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоие нашр шуд, ки нишон медод эътирозгарон дар Кобул, Мазори Шариф ва Ҳирот ба кучаҳо баромада ва шиорҳое чун "Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат", "Марг ба Покистон" ва "Аллоҳу Акбар" сар медиҳанд. Ин эътирозҳо дар ҳоле баргузор мешавад, ки Толибон рузи душанбе ҳушдор дод, ки ҳар касе дар баробари ин гурҳ даст ба шуриш бизанад, "зарбаи сахт хоҳад хӯрд".

Ин эътирозҳо ҳамзамон дар пайи сафари раиси Созмони истихбороти низомии Покистон Файз Ҳамид ба Афғонистон ва низ хабарҳо аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон ба Панҷшер, сурат мегирад. Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳамакнун дар Панҷшер дар ҳоли набард бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Сухангӯи артиши Покистон иддаоҳои ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини кишвараш ба Панҷшерро рад кардааст. Вай гуфтааст, кишвараш "ҳеҷ рабте ба ончӣ дар дохили Афғонистон дар ҳоли рух додан аст, чӣ дар Панҷшер ва чӣ дар ҷойи дигар, надорад".

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон рӯзи душанбе пас аз даргириҳои сахт бо Толибон, бо нашри паёме аз мардуми Афғонистон хост, ки зидди Толибон қиём кунанд. Вай изҳор дошт, "ҳамлаи дирузи Толибон ба таври ошкор нишон дод, ки нерӯҳои бегона дар канори Толибон дар муқобили миллати Афғонистон аз дер боз қарор доштанд ва ҳануз ҳузур доранд".

Панҷшер танҳо вилоятест, ки ҳануз алайҳи Толибон муқовимат мекунад. Тайи як ҳафтаи гузашта дар ин вилоят даргириҳои сахт идома доранд. Толибон дируз иддао карданд, ки маркази вилояти Панҷшерро ишғол карданд. Аммо шаби гузашта Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон кард, ки амалиёти нерӯҳои муқовимат барои бозпасгирии Панҷшер оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG