Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби хусусии "Файз"-ро дар Хуҷанд бастаанд, "чун иншооти ҷашниро насупорид"


Бинои мактаби хусусии "Файз" дар Хуҷанд
Бинои мактаби хусусии "Файз" дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дари мактаби хусусии "Файз"-ро бастаанд. Ин тасмим дар охири моҳи сентябр волидонро нигарон кардааст, чун ба мактаби дигар бурдани фарзандонашон вақт мегирад. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар замони таътили тобистона раҳбарияти мактабро огоҳ карда буданд.

Мактаби "Файз" пештар бо номи "Мактаби Сонмин" машҳур буд ва дар бинои кӯдакистони собиқ дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд фаъолият дошт. Таълим дар он ба забони русӣ буд.

Маъмурияти мактаб гуфтанд, мақомот ду сол пеш иҷозаномаи фаъолияти онҳоро барои панҷ сол ва ба шарте дароз карда буданд, ки дар ҷойи дигар мактаби нав сохта, ба онҷо бикӯчанд. "Чун мактаб сохта нашуд, иҷозаномаро гирифтанд", -- мегӯяд Солиҷон Ашӯров, мудири мактаби хусусии "Файз".

Вай 21-уми сентябр гуфт: "Барои сохтани мактаби нав ба мо 0.8 гектар замин доданд. Шарт ин буд, ки мактаби нав ҳамчун иншооти ҷашнӣ то ҷашни Истиқлол сохта мешавад. Мутаассифона, мактаб сохта нашуд ва иҷозаномаи моро гирифтанд."

Ашӯров дар посух ба ин суол, ки чаро бино сохта нашуд, гуфт, "бунёди он оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои номаълум идома наёфт."

Дар мактаби "Файз" тақрибан 200 хонанда ва муаллим таҳсилу кор мекарданд.

Шаҳрдории Хуҷанд овозаҳоро дар мавриди сохтмони бинои истиқоматӣ дар ҷойи ин мактаб рад кард.

Ташкили мактаби "Файз"-ро дар Хуҷанд ба номи як шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, Ли Ҷон Бун, вобаста медонанд. Хонум Бун соли 1994 намояндагии маркази созмони масеҳии "Сонмин Сунбогим"-ро дар Хуҷанд таъсис дода, ба камияш ду бор бо гумони "суистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

Холо тақдири ӯ маълум нест.

Вале мудири мактаби "Файз" мегӯяд, муассиси ин мактаб Ҳусейн Абдураҳмонов, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва иҷозаномаи фаъолиятро ду сол пеш ӯ гирифта буд.

XS
SM
MD
LG